Ҳабси Мишел Платини аз рӯи парвандаи интихоби кишвари мизбони Чемпионати ҷаҳон-2022

Дар Франсия собиқ президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини дар доираи тафтиши парванда оид ба қонуншиканиҳои имконпазири коррупсионӣ зимни интихоби макони баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ба ҳабс гирифта шуд. Тавре Медуза менависад, ҳабс субҳи рӯзи 18 июн сурат гирифтааст. Дар доираи тафтишот, тибқи маълумоти Mediapart, ҳамчунин сиёсатмадори фаронсавӣ […]

Asia-Plus

Дар Франсия собиқ президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини дар доираи тафтиши парванда оид ба қонуншиканиҳои имконпазири коррупсионӣ зимни интихоби макони баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ба ҳабс гирифта шуд.

Тавре Медуза менависад, ҳабс субҳи рӯзи 18 июн сурат гирифтааст. Дар доираи тафтишот, тибқи маълумоти Mediapart, ҳамчунин сиёсатмадори фаронсавӣ Клод Геан, ки замони президентиии Николя Саркози ба ҳайати девони вазирони кишвараш шомил буд, низ бозпурсӣ шудааст.

Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) моҳи декабри соли 2010 Қатар ба баргузории бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2022 ҳуқуқ пайдо кард. Ҳамон вақт ҳаққи баргузории Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2018 ба Русия дода шуд.

Аллакай дар моҳҳои нахустини баъди қабули чунин қарор дар матбуоти англисӣ нашри маводи тафтишотие шурӯъ шуд, ки дар бораи мавҷуд будани таркибҳои ҷинояти коррупсионӣ зимни интихоби кишвари мизбон маълумот медоданд.

ФИФА ба комиссияи мустақил дастур дод, ки дар бораи эҳтимол ҷой доштани далелҳои имконпазири коррупсия тафтиш гузаронад. Соли 2014 эълон шуд, ки далелҳои маслиҳати коррупсионӣ дарёфт нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.