Муаррифии лоиҳаи “Ашқобод-сити” ба президенти Туркманистон

Date:

Ба президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов лоиҳаи сохтмони нав, ҳамчунин тарҳи бузургҳаҷмеро, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат ва меъморӣ, донишҷӯёни Донишкадаи меъмориву сохтмон ва Академияи санъат таҳия шудааст, муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад Хроники Туркменистана.

Бино ба маълумоти нашрия, шаҳр дар дохили шаҳре, ки аллакай ғайрирасмӣ “Ашқобод-сити” ном бурда мешавад, майдони 744 гектарро ишғол мекунад. Дар он беш аз 200 бино сохта мешавад, ки 180-тоашро биноҳои истиқоматии аз 12 то 35-ошёна ташкил медиҳад. Дар ин минтақа сохтмони 4 мактаби таҳсилоти умумӣ ва 4 кӯдакистон ба нақша гирифта шуда, он барои зисти зиёда аз 107 ҳазор нафар аҳолӣ пешбинӣ шудааст.

“Бо сохтмони шаҳри нав табдили қисмати шимолии пойтахт ба маркази нави иқтисодӣ бо имконоти таъмин бо ҷойи корӣ ва роҳандозии тиҷорат барои аҳолӣ ва сармоягузорон, муҳайё сохтани муҳити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва инноватсияҳо ва бо назардошти афзоиши имконпазирии шумори аҳолии Ашқобод, асос донистани тавсеъаи қаламрави шаҳр дар назар дошта шудааст”, – овардааст гуфтаҳои президентро ТДХ.

Президенти Туркманистон дастур додааст, ки дар сохтмони ин иншоот шиори “Давлат барои инсон!” сармашқи кор қарор дода шавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...