Эрон маблағгузориро ба идомаи сохтмони нақби “Истиқлол” барқарор мекунад

Тоҷикистон ба Эрон пешниҳод кардааст, ки барои идомаи сохтмони нақби “Истиқлол”, ки қисмати маркзи кишварро бо вилояти Суғд мепайвандад, воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд. Зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён нимаи моҳи гузашта дар Душанбе зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе масъалаи маблағгузорӣ ба ин иншоот баррасӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон ба Эрон пешниҳод кардааст, ки барои идомаи сохтмони нақби “Истиқлол”, ки қисмати маркзи кишварро бо вилояти Суғд мепайвандад, воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд.

Зимни вохӯрии вазири нақлиёти Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён нимаи моҳи гузашта дар Душанбе зимни сафари президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба Душанбе масъалаи маблағгузорӣ ба ин иншоот баррасӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Худоёрзода ба ҷониби Эрон пешниҳод намудааст, ки дар марҳилаи дуюми сохтмони нақби “Истиқлол” иштирок кунад.

Дар марҳилаи дуюм анҷоми корҳои лоиҳакашӣ, харидорӣ ва насби низоми рӯшноидиҳанда, ҳавокашӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳамчунин низоми назорати бехатарӣ ва идоракунии иншоот пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ, барои иҷрои корҳои дар боло зикршуда дар маҷмӯъ 8 млн. доллар маблағ зарур аст.

Тибқи гуфтушунидҳои пешини ҷонибҳо, барои амалисозии ин марҳилаи лоиҳа Эрон ва ҳукумати Тоҷикистон ҳар кадоме бояд 4 млн. доллар маблағ ҷудо кунанд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати таҳия ва баррасии ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои маблағгузории он ба тавофуқ расиданд.

Қобили зикр аст, ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз соли 2016 ба Эрон пешниҳод намуда буд, ки барои ба кор андохтани низомҳои ҳавокашӣ, рӯшноидиҳанда ва бехатарӣ аз сӯхтор дар нақб воситаҳои иловагӣ ҷудо намояд.

Лекин баъдан муносибатҳо байни давлатҳо ба сардӣ гароида, дар робита ба мавҷуд набудани маблағгузорӣ, ин корҳо иҷронашуда боқӣ монданд.

Соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ – ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ – қарзи ҷониби Эрон буд.

Маросими расмии ба истифода додани нақби “Истиқлол” соли 2006 бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод доир гардид. Лекин бинобар сабаби ба хатогиҳо роҳ додан дар лоиҳакашӣ, аз дохили нақб об ҷорӣ мешуд.

Моҳи апрели соли 2014 ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард. Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.

Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.