Дар платформаи Gofundme дар шабакаи интернет баҳри ҷамъоварии воситаҳо барои рушди минбаъдаи нахустин дар Тоҷикистон маълумотномаи ҳуқуқии SADBARG ва тарҷумаи он ба забони англисӣ як маърака роҳандозӣ шудааст.
Таҳиягарони маълумотнома Муслим Мақсудзода ва Умар Арабов аз ҳама даъват кардаанд, ки дар ин маъракаи ҷамъоварии воситаҳо иштирок кунанд: https://www.gofundme.com/sadbarg-first-free-online-tajik-legal-guide.
“Аз ҳама гуна тарзи дастгирӣ самимона истиқбол мешавад. Шахсоне, ки баҳри дастгирӣ воситаҳои молӣ надоранд, бо паҳн кардани ин маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои гуногуни одамон: дӯстон, наздикону пайвандон ва ҳамкорони худ кумак карда метавонанд. Барои ин метавон аз воситаи “ ба каси дигар фирист” (поделиться) дар сомонаи gofundme истифода кард. Ин маълумотнома барои Тоҷикистон ва ба мардум лозим аст”, – изҳор мекунанд муаллифони лоиҳа.
Нахустин дар Тоҷикистон маълумотномаи ҳуқуқии бепул SADBARG (www.sadbarg.org) 1 октябри соли 2018 рӯйи кор омад.
Он аз наздики 200 маълумотнома бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ иборат буда, масъалаҳои рӯзмарра барои мардумро фаро мегирад: оила, бахшҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра.
Қисмате начандон зиёди маълумотнома, ки барои истифодаи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст, бар асоси қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои амалкунанда дар Русия таҳия шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


