Қарта (пластинка) шояд бо сабти овози охирини ӯро гирдоваранда (коллексионер)-и бозёфтҳои таърихии душанбегӣ, мусиқачӣ Ҷэк Рок пайдо намуд.
“Ман ба қартаҳои арзишманд хуб сарфаҳм рафта, барои баҳодиҳӣ ба онҳо ба ман муроҷиат мекунанд, – гуфт ба “Азия-Плюс” ӯ. – Чанде пеш коллексионери рус ба ман муроҷиат кард, ки якчанд пластинкаҳоро аз назар гузаронида, онҳоро харам ва ба ӯ фиристам”.
Мусиқачӣ якчанд пластинка, аз ҷумла сабти овози Айниро аз як зане харидааст, ки барояш ин пластнкаҳо ҳеҷ арзише надоштанд. “Пластинка 20 сомонӣ нарх дошт”, – мегӯяд номбурда.
Пас аз ҷустуҷӯи маълумот дар бораи сабти овози Айнӣ, Ҷек мутмаин шуд, ки ин пластинка нодир аст. Суханронӣ соли 1953 – як сол пеш аз даргузашти адиб сабт шудааст. Дар сабт Айнӣ дар бораи дастовардҳои ҳизб ҳарф зада, аз суханронӣ чунин бармеояд, ки он ба 36-солагии инқилоби Октябр бахшида шудааст.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
Ин қарта дар дасти худи Ҷэк мондааст, чунки коллексионери рус танҳо ба бозёфтҳои таърихии мусиқӣ таваҷҷуҳ дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


