Дар Душанбе лоиҳаи Digital CASA Tajikistan баррасӣ шуд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаи амалисозии лоиҳаи Digital CASA Tajikistan-ро баррасӣ кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, лоиҳаи Digital CASA Tajikistan ба рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ равона шудааст. Лоиҳаи Digital CASA Tajikistan […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масъалаи амалисозии лоиҳаи Digital CASA Tajikistan-ро баррасӣ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорат, лоиҳаи Digital CASA Tajikistan ба рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ равона шудааст.

Лоиҳаи Digital CASA Tajikistan тобистони соли 2017 дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд. Ҳадафи амалисозии он пайваст шудани хати дорои нахи оптикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба хати ягона унвон мешавад.

Он замон чанде аз ниҳодҳои байнулмилалии молӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ низ изҳор дошта буданд, ки хоҳиши маблағгузориро ба ин лоиҳа доранд.

Digital CASA – лоиҳаи монанд ба лоиҳаи энергетикии CASA-1000 мебошад.

Ҳадафи лоиҳа дар пайваст кардани хатҳои дорои нахи оптикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ифода меёбад. Иштирокчиёни имконпазири лоиҳа – Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон номида мешаванд.

Натиҷаи минбаъдаи барнома аллакай муайян аст: сокинони минтақаи ҷануби пасошӯравӣ аз ҳисоби шабакаҳои алтернативӣ ба интернети арзону хаташ васеъ дастрасӣ пайдо мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.