S&P ба муайян кардани рейтинги навбатии кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон мепардозад

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев аввали ҳамин ҳафта таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ҷаноби Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуровро, ки барои муҳокимаи интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Ҷамолиддин Нуралиев ба […]

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев аввали ҳамин ҳафта таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ҷаноби Тревор Куллинан ва Шоҳрух Темуровро, ки барои муҳокимаи интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, Ҷамолиддин Нуралиев ба намояндагони Агентӣ оид ба вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла аз зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар баробари ин боло рафтани рушди стратегӣ иттилоъ дода, ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосӣ қарор додани саноатикунонии босуръатро дар сиёсати иқтисодии кишвар махсусан қайд намуд.

Зимни машварат ҷонибҳо оид ба масоили молиявию буҷетӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати монетарӣ ва асъорӣ, омори тавозуни пардохт, идоракунии захираҳои байналмилалӣ, назорати бонкӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодиёт ибрози назар намуда, масъалаҳои матраҳшударо барои баҳодиҳии рейтингии минбаъдаи кишвар мавриди муҳокима қарор доданд.

Таҳлилгари “Standard & Poor’s” Тревор Куллинан оид ба методологияи гузаронидани баҳодиҳии рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии он, аз ҷумла аз рӯи фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, таркиби нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати буҷетӣ ва андозӣ, барориши вомбаргҳои давлатӣ (евробонд), низоми назорати бонкӣ ва сифати дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ, бозори қарзӣ ва низоми молиявӣ, инчунин сиёсати пулию қарзӣ ва ҳадафгирии таваррум сухан ронда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии онҳо таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодию молиявӣ аз рӯи маълумотҳои оморӣ ва иттилоотӣ, бо назардошти нақшаҳои дар оянда пешбинишаванда мебошад.

Муовини якуми раиси БМТ қайд кард, ҳар як баҳодиҳӣ, таҳлил ва ё рейтинг, ки аз берун ба Тоҷикистон дода мешавад, басо муҳим буда, барои ташаккули афкори ҷомеа, аз ҷумла ҷомеаи ҷаҳонӣ нақшгузор аст. Дар баробари ин, рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар барои ҷалби сармоягузорӣ ҳамчун омили асосӣ (катализатор) ба ҳисоб рафта, дар муайянкунии эътибор ва нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ муассир арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, Ҷамолиддин Нуралиев аз намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” даъват ба амал овард, ки зимни гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии кишвар таъмини шаффофият бо назардошти тамоюли рушди самтҳои муваффақ ба инобат гирифта шавад.

Таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” зимни сафари худ нақша доранд, ҷиҳати баҳогузории рейтинги кредитии соҳибихтиёрии кишвар бо роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, аз ҷумла Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК “Барқи Тоҷик” ва намояндагиҳои ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ аз қабили намояндагии Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки Осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту машварат доир намуда, барои шинос шудан бо раванди корҳои сохтмонӣ аз НБО “Роғун” низ, боздид ба амал оваранд.

Раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола дар асоси созишнома бо Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ба роҳ монда мешавад. Агентии мазкур дар баробари баҳогузории хавфҳои қарзӣ, инчунин рейтинги бозори қарзӣ, молиявӣ ва маълумоти расмиро таъмин намуда, маводҳои таҳлилӣ ва иттилоотиро ба нашр мерасонад.

Ҳамасола рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ду маротиба таҳия ва нашр шуда, нашри навбатии рейтинг, ки мавриди муҳокима қарор дода шудааст, моҳи августи соли равон дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.