Дар Бонки миллӣ ва “Амонатбонк” 1 млн. доллар зиёни молӣ ошкор шуд

Date:

Дар ҷараёни санҷишҳои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои буҷетии ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 88 млн. сомонӣ (зиёда аз 9,3 млн. доллар) зиёни молӣ ошкор шуд.

Ин зиён зимни 156 санҷишҳои аудиторӣ дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ошкор шудааст, хабар медиҳад Палатаи ҳисоб.

Аз ҷумла зиёнҳои молӣ-моддии зерин ошкор шудааст:

– хароҷоти ғайриқонунӣ – 4,4 млн сомонӣ;

– камбуд ва беасос аз ҳисоб баровардан – 3,7 млн сомонӣ;

– кам кардан ва рӯйпӯш сохтани андозҳо – 30,9 млн. сомонӣ;

– камомад – 37,1 млн. сомонӣ;

– баланд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмир ва сохтмон – 11,4 млн. сомонӣ;

– зиён аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ – 237,8 ҳазор сомонӣ;

– пардохт нашудани фоидаҳо аз рӯи саҳмияҳои давлатӣ – 438,9 ҳазор сомонӣ.

“Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо зиёни молӣ дар ҳаҷми 41,1 млн. сомонӣ дар буҷет ва муассисаҳо барқарор шуд”, – таъкид месозанд дар Палатаи ҳисоб.

Гуфта мешавад, нимаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон ва БДА “Амонатбонк” аз рӯи нақша санҷиш гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он дар ҳаҷми 9, 1 млн. сомонӣ зиёни молӣи ошкор гардида, 7,6 млн. сомониаш барқарор шуд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои 13 санҷиши субъектҳои давлатии хоҷагидорӣ зиёни молии аз ҳама бештар – 41,1 млн. сомонӣ дар КВД “Манзили дастрас” ошкор шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...