Афзоиши истеҳсоли тилло ва нуқра дар Тоҷикистон

Нимаи аввали соли равон дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 3 млрд. 53 млн. сомонӣ (наздики 325 млн. доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Нимаи аввали соли равон дар корхонаҳои соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо ба маблағи 3 млрд. 53 млн. сомонӣ (наздики 325 млн. доллар) маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211,6 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои саноати маъданҳои кӯҳӣ 25,6% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҷумҳуриро ташкил додаанд.

Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли тилло дар ин давра 51,4%, нуқра – 32,5%, хокаи руҳ – 7,9% ва хокаи сурма – 30,5% афзудааст.

Гуфта мешавад, ба ҳисоби умумӣ тиллои ба фурӯш бароварда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи ҷумҳурӣ ва корхонаҳои заргарии кишвар харидорӣ шудааст, ки ин 100 % -ро ташкил медиҳад.

Қайд мешавад, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кӯҳкориро КМ “Зарафшон”, КМ “Анзоб”, ҶДММ “Шимшо”, ҶДММ “Пакрут” ва ҶДММ “Мурод” таъмин намуданд.

“Барои рушди соҳа ба маблағи 266,6 млн. сомонӣ  (28,2 млн. доллар) сармояи хориҷӣ ҷалб шуд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Дар ҳамин ҳол, дар маълумоти Вазорат зикр мешавад, ки ҳамзамон ҷиҳати равнақ додани соҳа ва ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, сохтмони иншоотҳои нави истеҳсолии ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” барои истеҳсоли тилло дар заминаи кони “Кумарғи боло”- и ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ҶСК “Равшан”- истеҳсоли  маҳсулоти заргарӣ ва ҷавоҳиротӣ дар ш. Душанбе ва ҶСП «ТАЛКО Голд» истеҳсоли тилло ва хокаи сурма дар давраи ҳисоботӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.