Қазоқистон ба Ӯзбекистон 1 млрд. кВт/соат нерӯи барқ медиҳад

Бино бар созиши ҳосилшуда миёни мақомоти масъули Қазоқистону Ӯзбекистон, давоми соли 2019 аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон бештар аз 1 млрд кВ/соат барқ интиқол дода хоҳад шуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати энергетикаи Қазоқистон, интиқоли барқ шурӯъ шуда ва аз охири моҳи июн то 17 июл ба Ӯзбекистон 145 млн […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Бино бар созиши ҳосилшуда миёни мақомоти масъули Қазоқистону Ӯзбекистон, давоми соли 2019 аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон бештар аз 1 млрд кВ/соат барқ интиқол дода хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба Вазорати энергетикаи Қазоқистон, интиқоли барқ шурӯъ шуда ва аз охири моҳи июн то 17 июл ба Ӯзбекистон 145 млн кВ/соат барқ ворид шудааст.

Гуфта мешавад, бар асоси шартнома, дар сурати сар задани ҳолатҳои пешбининашуда, Қазоқистон ҳақ дорад, интиқоли барқро ба Ӯзбекистон маҳдуд ё қатъ кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки талаботи Ӯзбекистон ба барқ 69 млрд киловатт/соатро ташкил медиҳад. Ин кишвар тавоноии истеҳсоли 64 миллиард киловатт/соат барқро дорад.

Ба таҳлили коршиносон, то соли 2030 талаботи Ӯзбекистон ба нерӯи барқ ба 117 млрд киловатт/соат мерасад. Мақомоти Ӯзбекистон тасмим доранд, бо сохтани нерӯгоҳи атомӣ мушкили норасоии барқро ҳал кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.