Медали нуқраи Саидҷалол Саидов дар мусобиқаи дзюдо дар Қазоқистон

Дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон варзишгари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ба дарёфти медали нуқра ноил гардид. Дар ин мусобиқа 175 нафар варзишгарон аз Озарбойҷон, Гонконг, Эрон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Испания, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Саидҷалол аз марҳилаи 1/8 финалӣ ба […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо дар шаҳри Актауи Қазоқистон варзишгари тоҷик Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кило ба дарёфти медали нуқра ноил гардид.

Дар ин мусобиқа 175 нафар варзишгарон аз Озарбойҷон, Гонконг, Эрон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Испания, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Саидҷалол аз марҳилаи 1/8 финалӣ ба рақобат пардохта, то даври финалӣ бар ҳарифонаш аз Ӯзбекистону Қазоқистон – Чингизхон Шокиров ва Динаҳмед Руссимбек дастболо шуд. Дар даври нифиналӣ бар варзишгар аз Русия Иброҳим Маргиев ғолиб омада, дар қувваозмоии финалӣ аз қазоқистонӣ Виктор Демяненко шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта Саидҷалол Саидов дар ҳамин мусобиқа ғолибият ба даст оварда буд.

Дар ин мусобиқаи байнулмлалӣ мунтахаби Тоҷикистонрго 8 нафар дзюдочиён намояндагӣ карданд.

Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибоев мусобиқаест, ки дар он варзишгарон имтиёзҳо мегиранд. Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа имтиёзҳои рейтингӣ гирифтанд. Барои медали нуқра Саидҷалол дар рейтинги байнулмолалӣ 60 имтиёз гирифт, ки ба ӯ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио кумак мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.