Маркази заминларзаи шабона дар Афғонистон воқеъ будааст

Имрӯз, 5 август соати 00:04 дарқиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод. Дар Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маркази заминларза дар 302 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 28 километр ғарби Ишкошим дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 4 балл ва дар […]

Asia-Plus

Имрӯз, 5 август соати 00:04 дарқиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Дар Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маркази заминларза дар 302 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 28 километр ғарби Ишкошим дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил додааст.

Дар бораи харобиҳо ва осебҳои эҳтимолӣ бар асари ин заминҷунбӣ дар Тоҷикистон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ВАО бо истинод ба Хадамоти геологии ИМА (USGS) хабар медиҳанд, қувваи заминларза дар марказаш – минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ба 5,1 балл баробар будааст. Марказ дар 27 километрии ғарби шаҳри Ишкошим дар ҷуқурии 229,5 километр воқеъ будааст.

Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор мекарданд, ки заминҷунбӣ “ким чӣ хел ғайриоддӣ” буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.