Боздошти президенти пешини Қирғизистон дар рӯзи дуюми амалиёт

Ба кормандони мақомоти қудратии таъиноти махсус муяссар шуд, ки муқовимати ҷонибдорони президент пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро шикаст дода, ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд, хабар додаанд дар ситоди Отамбоев, ки ба он хабаргузории ТАСС истинод меорад. “Бо вуҷуди муқобилисяи тарафдорони Отамбоев, ба нерӯҳои қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзили собиқ президент […]

Asia-Plus

Ба кормандони мақомоти қудратии таъиноти махсус муяссар шуд, ки муқовимати ҷонибдорони президент пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро шикаст дода, ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд, хабар додаанд дар ситоди Отамбоев, ки ба он хабаргузории ТАСС истинод меорад.

“Бо вуҷуди муқобилисяи тарафдорони Отамбоев, ба нерӯҳои қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзили собиқ президент ворид шаванд”, – гуфтааст намояндаи ситод.

Дар амалиёт беш аз 2 ҳазор нафар кормандони милитсия ва нерӯҳои таъиноти махсус иштирок карда, наздики 300-400 нафар ҷонибдорони Отамбоев ба онҳо муқобилият нишон додаанд.

Kloop.kg хабар медиҳад, ки Отамбоев боздошт ва таҳти посбонӣ бо якчанд автомашинаи сабукрав ва автобусҳо бо низомиён аз деҳа берун бурда шудааст. Автомашинаро бо собиқ президент тазоҳургарон ба баромадан роҳ надодаанд, лекин шояд ӯро бо дигар роҳ ба Бишкек бурда бошанд, қайд мекунад нашрия.

Нашрияи 24.kg бо такя ба маълумоти манбаъҳои худ иттилоъ медиҳад, ки Отамбоев худаш мустақилона тасмим гирифтааст, ки ба ҳукуматдорон таслим мешавад Тибқи маълумоти нашрия, ӯро ба ВКД мебаранд.

Ҳукуматдорон алҳол ин маълумотро расман тасдиқ накардаанд.

Ҳамроҳи ӯ мушовираш Фарид Ниёзов ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ Қундуз Жолдубоева низ боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд. Аммо пеш аз он аз муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти боздоштро раҳбарӣ мекард, хост, ба тарафдоронаш зиён нарасонанд. Дертар Жолдубоева хабар додааст, ки Отамбоевро ба бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бурдаанд.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз пеш амалиёти якуми нерӯҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон барои боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев ноком анҷом ёфта буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио