Шокирҷон Ҳакимов: “Таслимшавии Алмосбек Отамбоев кори оқилона аст”

Date:

Сиёсатшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

“Собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ихтиёрӣ ба ҳукуматдорон таслим шуда, оқилона рафтор намуд ва бо ин амалаш исбот кард, ки бесуботиву хунрезиро дар ватанаш намехоҳад”, – гуфт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сиёсатмадори тоҷик, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов.

МЕДИА (IFRAME)

Ба ақидаи ӯ, агар айбномаҳои зидди Отамбоев пешниҳодшуда воқеъбинона дар доираи қонунҳои кишвар мавриди тафтиш қарор нагирифта, ба сиёсат ангехта шаванд, дар Қирғизистон эътирозҳои аҳолӣ ба вуҷуд омаданаш имкон дорад.

“Бесуботиву ноамнӣ ва беназмӣ дар Қирғизистон ба таъмини сулҳу субот дар тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад”, – таъкид дошт Ҳакимов.

Дар ҳамин ҳол, собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 август дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ нигаҳдорӣ мешавад. Дар ин бора ба 24.kg адвокати ӯ Сергей Селесарев хабар додааст.

Ёдрас мекунем, ки дар рӯзи дуюми амалиёти боздошти собиқ президенти Қирғизистон ба кормандони мақомоти қудратӣ муяссар шуд, ки ба манзилаш дар деҳаи Кӯй-Тош дар канори Бишкек ворид шаванд. Отамбоев баъд аз як музокирот бо намояндаи мақомот ба берун баромад ва таслим шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....