Президенти Туркманистон дар мазҳари ом пайдо ва аз Россия лимузин харид

Дар Туркманистон рӯзи 12 август Анҷумани иқтисодии Каспий (Хазар) ба кор шурӯъ намуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон давоми чанд ҳафтаи нопайдоӣ бори аввал дар ин анҷуман ҳузур пайдо кард. Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов бо ғайб заданаш аз мазҳари ом овозаҳоеро дар бораи бемориву маргаш доман зад. Дар анҷуман Русия, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Туркманистон рӯзи 12 август Анҷумани иқтисодии Каспий (Хазар) ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон давоми чанд ҳафтаи нопайдоӣ бори аввал дар ин анҷуман ҳузур пайдо кард.

Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов бо ғайб заданаш аз мазҳари ом овозаҳоеро дар бораи бемориву маргаш доман зад.

Дар анҷуман Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Эрон ширкат доранд. Намояндагони Москва ва Теҳрон ҳамкориҳоро дар шароити таҳримҳои амрикоӣ баррасӣ карданд.

Аммо хабари қобили таваҷҷуҳ дар ин анҷуман то кунун – харидории лимузинҳои "Аурус"-и русӣ аз сӯи президенти Туркманистон аст. Давоми ҳафт соли охир барои сохтани лимузинҳои мазкур аз буҷаи Русия наздики 200 миллион доллар харҷ шудааст.

Бори аввал "Аурус" дар маросими савгандёдкунии Владимир Путин соли гузашта истифода шуд. Ин лимузинҳо 280 ҳазор доллар қимат доранд.

Дар Анҷуман ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ягона лимузини сафедрангро нишон доданд. Вай гуфт, ранги лимузин барояш писанд аст. Бердимуҳаммадов ҳамчунин афзуд, мошин "ба гарониаш" меарзад.

То кунун аз "Аурус" танҳо мансабдорони рус истифода мебурданд: вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу маҳз дар ин навъи мошин дар гузашти низомӣ ширкат карда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.