Тоҷикистон қирғизҳоро ба иғвоангезӣ дар сарҳад айбдор мекунад

Date:

Қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳор мекунанд, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя бар хилофи ҳамаи созишҳои қаблан ҳосилшуда, дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад ба сохтмони иншооти гуногун идома медиҳанд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, сарфи назар аз он, ки байни ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳалли масъалаи демаркатсияи сарҳад якчанд протокол ба имзо расидааст, вале ҷониби Қирғизистон, алалхусус баъзе сокинони хашмгини он, аз ҷумла мансабдорони баландпояи вилояти Ботканд, қасдан ин созишҳоро вайрон карда, дар сарҳади давлатӣ мушкилоти сунъӣ эҷод менамоянд ва вазъияти ноустуворро ба вуҷуд меоранд”, – қайд мешавад дар изҳороти дар сомонаи АМИТ “Ховар” интишоршудаи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти Қушӯнҳои сарзадии КДАМ ҶТ, ин амалҳо боиси норозигии худи сокинони маҳалҳои аҳолинишини сарҳадии ҷониби Қирғизистон низ мегарданд ва дар ин масъала ҳар замон бархе аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадбонони Қирғизистон, нақши манфӣ доранд.

Дар изҳорот таъкид мешавад, ки 24 августи соли ҷорӣ даҳҳо нафар сокинони ноҳияи Лейлек дар қитъаи баҳсноки хати сарҳади давлатӣ (рӯ ба рӯи ноҳияи Б. Ғафурови Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамаи талаботҳои протоколҳоро вайрон намуда, бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд.

“Тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ аст. Аммо, бо сабабҳои номаълум, сокинони ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон доимо талаботи протоколҳои дар боло зикршударо сарфи назар карда, амалҳои иғвогарона анҷом медиҳанд, ки метавонанд боиси сар задани низоъҳои минбаъдаи наздисарҳадӣ байни сокинони кишварҳои ҳамсоя гарданд”, – омадааст дар изҳорот.

Гуфта мешавад, далелҳо бешубҳа нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон ин масъаларо бо роҳи гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки хоси ҳамсоягон мебошад, ҳал кардан намехоҳад ва баръакс мекӯшанд ба Тоҷикистон фишори нерӯӣ оваранд, аммо ин роҳ ба ҳеҷ ҷое намебарад.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон муътадил мебошад.

ВАО-и Қирғизистон, аз ҷумла хабаргузории 24.kg бо истинод ба манбаъҳои худӣ иттилоъ медиҳад, ки дар вилояти Ботканд, саҳеҳтараш деҳаҳои Марказ ва Арка бори навбатӣ муноқиша ба амал омадааст.

“Сокинони маҳаллӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон муноқиша ва сипас ба ҳамдигар сангпартоӣ кардаанд. Сарҳадбонон барои огоҳӣ ба ҳаво тир холӣ кардаанд”, – иттилоъ додаанд ба идораи хабаргузорӣ.

Роҳбари хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон Уларбек Шаршеев, ки журналистон барои шарҳи масъала ба ӯ муроҷиат кардаанд, қайд кардааст, ки аз ин ҳодиса хабар надорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...