Қатъи парвандаи кормандони милитсияи гумонбар ба шиканҷа

Ду маъмури милитсия – Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд. Як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки, Сангинмуродзода ба сифати сардори "минтақаи маъмурии милитсияи №13"-и ноҳияи Фирдавсӣ аст ва Сафар Додаров ҳамроҳи ӯ […]

Радиои Озодӣ

Ду маъмури милитсия – Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд.

Як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст, ки, Сангинмуродзода ба сифати сардори "минтақаи маъмурии милитсияи №13"-и ноҳияи Фирдавсӣ аст ва Сафар Додаров ҳамроҳи ӯ дар ҳамин сохтор фаъолият доранд.

Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи Умед Ҳикоятов гуфтааст, Додситонии Душанбе бо далели наёфтани ҷиноят парвандаи зидди милисаҳоро қатъ кардааст. Холматова гуфт, ба мақомоти додситонӣ далелҳои зиёд пешниҳод карда буд, вале онҳоро ба инобат нагирифтаанд.

"Ба Додситонии кулли Тоҷикистон шикоят мекунем. Агар дар он ҷо ба ин масъала расидагӣ нашавад, ба додгоҳ шикоят мебарем, ки қарори додситонии шаҳрро бекор кунад", – илова кардааст ӯ.

Гуфта мешавад, нисбат ба Зубайдулло Сангинмуродзода ва Сафар Додаров бар асоси қисми сеюми моддаи 316-и Кодекси ҷиноӣ – "баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ" парванда боз шуда буд.

Умед Ҳикоятовро рӯзи 31-уми марти имсол бо нишонаҳои "осеби пӯшидаи моядон" ва "кафидани мояҳои чапу рост" ба бемористон бурда буданд. Ӯ даъво дорад, ки ду нозири минтақавии милиса шиканҷааш карда, "ҳаёташро сӯзонданд".

Намояндагони Шӯъбаи корҳои дохилии Фирдавсӣ гуфта буданд, ки Умед Ҳикоятов бо иттиҳоми "вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳолати мастӣ" боздошт шуд, аммо "латту кӯб нашудааст".

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.