Суди шаҳри Душанбе ба далелу ваҷҳҳои адвокати Кабир Кабиров дар бораи он, ки суди зинаи аввал нисбати ӯ ҳукми хеле сангин содир намудааст, розӣ нашуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомиддин Бобохонзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, парванда нисбати Кабир Кабирови 19-сола, писари директори бозори “Султони Кабир” барои баррасии дубора ба суди зинаи аввал – суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст.
“Мо баррасии дархости адвокати Кабировро дар бораи аз ҷониби суди зинаи аввал нисбати зерҳимояи ӯ содир шудани ҳукми хеле сангин рад намудем, – гуфт Бобохонзода. – Дар ҳамин ҳол, мо бо ваҷҳу далелҳои ҷониби ҷабрдида, ки ҳукмро хеле сабук мешуморанд, розӣ ҳастем”.
Аз ҳукми пешина ҳам ҷониби айбдоркунанда, ҳам ҳимоя ва ҳамчунин ҷабрдидагон қаноатманд нестанд.
“Ҳамаи ҷонибҳо шикояти таҷдиди назар пешниҳод намуданд. Суди шаҳри Душанбе рӯзи 28 август ин шикоятҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, парвандаро ба баррасии дубора фиристод ва бекор кардани ҳукми суди зинаи аввалро рад намуд. Волидони ҷабрдидагоне, ки дар ҳодисаи садамаи нақлиёт бо айби Кабиров ҳалок шуданд, нисбати ӯ ҷазои сангинтарро талаб доранд", – таъкид дошт судя.
Ба савол дар бораи эҳтимоли сангинтар шудани ҳукм, ӯ чунин посух дод: “Комилан имкон дорад”.
Ёдрас мекунем, ки Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Кабир Кабировро ба 8,6 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 212, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) гунаҳкор эътироф шуд.
Шаби 23 март Кабир Кабирови 19-сола, писари молики бозори “Султони Кабир” дар Душанбе Аваз Кабиров, зимни идораи автомашинаи “Лексус-450” дар хиёбони Рӯдакӣ, дар маркази пойтахт ба садама дучор шуда, дар натиҷа ду муофири автомашина – Саидҷаъфар Саидови 19-сола ва Некзода Саҳобиддинзодаи 19-сола ҳалок шуданд. Мусофири сеюм – Саидвалӣ Убайдуллоев низ ҷароҳати вазнин бардошт.
Ронанда ба зиёд шудани суръати аз меъёр баланд роҳ дода, автомашина нахуст ба панҷараи бетонии назди бинои парлумон ва сипас ба симчӯб бархӯрд.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе далели маст будани ӯ ҳангоми садама ва рух додани ҳодисаро бар асари мусобиқаи пойгаи автомашинаҳо рад кард.
Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



