Роҳбари ширкати Alibaba Group ба Тоҷикистон даъват шуд

Date:

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи «Smart China Expo-2019», ки 26-29 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Чунтсини Чин доир гардид, иштирок намуд.

Тавре дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Чин дар ин робита иттилоъ дода мешавад, мақсад аз баргузории Намоишгоҳи мазкур соддагардонии табодули байналмилалӣ оид ба технологияҳои муосир (Smart- доно) ва таъмиқи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

Гуфта мешавад, Намоишгоҳ бо ибтикори Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин ва Шӯрои давлатӣ (Ҳукумат)-и Чин роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Вазорати илм ва технология, Вазорати саноат ва технологияҳои иттилоотӣ, Академияи илмҳои Чин, Академияи муҳандисии Чин, Асотсиатсияи Чин оид ба илм ва технология ва Ҳукумати мардумии шаҳри Чунтсин баргузор мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Барномаи Намоишгоҳ аз маросими ифтитоҳ ва зериҷлосияву зерфорумҳо, ки аз ҳамкориҳо дар доираи технологияи 5G то истифодаи технологияҳои доно дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишварҳоро дарбар мегиранд, иборат мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳ ашхоси баландпояи сохторҳои марбута аз кишварҳои хориҷӣ, мақомоти роҳбарикунандаи Чин, сафирони давлатҳои хориҷӣ ва раҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Пекин иштирок намуданд.

Сафири Тоҷикистон дар ҳошияи иштирок дар маросими кушодашавии Намоишгоҳ, ҳамчунин бо муовини Раиси шаҳри Чунтсин Пан Йичин вохӯрии дуҷониба анҷом дод, ки дар рафти он мавзӯи таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон бо шаҳри Чунтсин муҳокима гардиданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Чунтсин шаҳри тобеи марказии Чин ба ҳисоб меравад ва 30 млн. аҳолӣ дорад. Рушди ин шаҳр солҳои охир равнақ ёфта, он аллакай дар радифи шаҳрҳои пешрафтаи Чин қарор гирифтааст.

Ин ҷост, ки ҷонибҳо доираи имкониятҳои ҳамкории миёни Тоҷикистону шаҳри Чунтсини Чинро дар риштаҳои мухталиф васеъ ва фарогир арзёбӣ намуданд.

Ёдрас мешавад, ки дар ҳошияи иштирок дар Намоишгоҳ Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода бо соҳибкори маъруфи чинӣ, молик ва Раиси Шӯрои директорони ширкати Alibaba Group Ҷек Ма низ мулоқот намуд. Сафир ҳамчунин аз Ҷек Ма даъват ба амал овард, ки ҷиҳати густариши ҳамкориҳои судманд ба Тоҷикистон ташриф орад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...