Дар Тоҷикистон тағйири обуҳаво пешбинӣ мешавад

Дар давраи аз 30 август то 2 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 30 август то 1 сентябр дар ноҳияҳои алоҳида (бо истиснои ВМКБ) вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с пешбинӣ мешавад. Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ тӯфони […]

Asia-Plus

Дар давраи аз 30 август то 2 сентябр дар қаламрави ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 30 август то 1 сентябр дар ноҳияҳои алоҳида (бо истиснои ВМКБ) вазиши шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 17-22м/с пешбинӣ мешавад.

Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои марказии ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Ғайр аз ин, дар ноҳияҳое, ки дар водиҳо ҷойгиранд, рӯзона то 6-8 дараҷа пастшавии ҳарорат пешгӯӣ мешавад.

Имрӯз дар Душанбе обуҳавои камабру бебориш бо чангу ғубор дар назар буда, ҳарорат рӯзона 33-35 дараҷа гарм мешавад.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио