Ҷаҳонгардони хориҷӣ беморхонаи деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро таъмир ва бо таҳҷизоти муосир таъмин карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, имсол бо мусоидати ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди 200 КВт ба анҷом расида, беморхонаи деҳаи Басид барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом ба истифода супорида шуд. Аз ҳисоби ин сайёҳон ҳар сол табибон аз хориҷи кишвар даъват шуда, ба сокинони ҷамоати Бартанг хизмати тиббӣ мерасонад. Онҳо дар оянда ният доранд, ки мардуми деҳаи Басиди ҷамоати Бартангро бо оби ошомиданӣ таъмин кунанд.
Ҳамзамон сардухтури дармонгоҳи минтақавӣ Мамадёр Қазоқов иброз дошт, ки ин беморхона дорои озмоишгоҳ, ошхона ва дорухона буда, таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби сайёҳон харидорӣ ва пурра таъмир шудааст. Аз ҷумла, ҷаҳонгардони хориҷӣ ду дастгоҳи барқии муоинаи дил ва ташхиси ултрасадоро аз Олмон интиқол додаанд, ки онҳоро мутахассисон васлу насб карданд.
Гуфта мешавад, ки сармоягузорон дар соли 2016 ҳамчун сайёҳ бо роҳбарии Петер Бондес ба Тоҷикистон ворид гардида, бо шароити зиндагии мардум дар деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон шинос шуданд. Сипас онҳо тасмим гирифтанд, ки барои беҳтар кардани сифати зиндагии мардуми таҳҷоӣ саҳми худро гузоранд.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо ин сайёҳон вохӯрда, барои саҳмгузории онҳо дар ободонии вилоят изҳори сипос кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


