Ҳисоботи бе нишондиҳандаи бахши сайёҳии Агентии омор дар Соли сайёҳӣ

Агентии омори Тоҷикистон аз ҳисоботи моҳонаи худ “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҶТ” гӯшаи сайёҳиро хориҷ кардааст. Акнун мо чӣ гуна дар бораи амалишавии барномаи давлатӣ маълумот дармеёбем? Гӯшаи сайёҳӣ дар ҳисобот моҳи июни ҳамин сол пайдо шуда, чаро он айни замон ихтисор шудааст, номаълум аст. Қаблан ВАО-и Тоҷикистон чандин маротиба рақамҳоро дар бораи боздиди шумори сайёҳон аз […]

Агентии омори Тоҷикистон аз ҳисоботи моҳонаи худ “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҶТ” гӯшаи сайёҳиро хориҷ кардааст. Акнун мо чӣ гуна дар бораи амалишавии барномаи давлатӣ маълумот дармеёбем?

Гӯшаи сайёҳӣ дар ҳисобот моҳи июни ҳамин сол пайдо шуда, чаро он айни замон ихтисор шудааст, номаълум аст.

Қаблан ВАО-и Тоҷикистон чандин маротиба рақамҳоро дар бораи боздиди шумори сайёҳон аз Тоҷикистон зери шубҳа гузошта буданд.

Бо фармони президенти мамлакат солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудаанд.

Охири моҳи апрели соли равон роҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ки танҳо давоми се моҳи соли ҷорӣ 215 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Нимаи тобистон Агентии омор дар ҳисоботаш зикр кард, ки нимсолаи аввали соли равон 604,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Шумори назарраси шаҳрвандони хориҷӣ – 524,8 ҳазор нафар (86,9% аз шумори умумӣ) бо корҳои шахсӣ ва ҳамагӣ 23,7 ҳазор нафар (3,9%) бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Вале аллакай баъд аз чанде Агентии омор қайд кард (аллакай на дар ҳисобот, балки шифоҳӣ ба рӯзноманигорон), ки қариб ҳамаи хориҷиёни ба Тоҷикистон меомада сайёҳон буда, шумори умумии онҳо дар нимсолаи аввал на 23 ҳазор, балки 604 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Баъдан раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ба журналистон шарҳ дод, ки мувофиқи ақидаи роиҷ дар арсаи байнулмилалӣ, ҳамаи касоне, ки ба ҷуз корёбӣ, ба дигар кишвар ё аз ҷойи иқомати доимӣ ба макони дигари ватан бо ҳама гуна мақсад ба муҳлати на камтар аз 24 соат мераванд, сайёҳ шуморида мешаванд.

“Ҳама гуна шахсе, ки ба ин гуна сафарҳо меравад, хоҳ нохоҳ аз хизматрасонии бахши сайёҳӣ истифода мекунад: исифодаи меҳмонхона, хариди туҳфаҳо дар мағоза, тамошои макони истироҳат, мероси таърихӣ, боғҳо ва ғайра”, – гуфт Нуъмон Абдуғаффорзода.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.