Сайёҳони хориҷӣ беморхонаи Бартангро таъмир карданд

Ҷаҳонгардони хориҷӣ беморхонаи деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро таъмир ва бо таҳҷизоти муосир таъмин карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, имсол бо мусоидати ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди 200 КВт ба анҷом расида, беморхонаи деҳаи Басид барои 10 кат […]

Ҷаҳонгардони хориҷӣ беморхонаи деҳаи Басиди водии Бартанги ноҳияи Рӯшонро таъмир ва бо таҳҷизоти муосир таъмин карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, имсол бо мусоидати ин шахсони саховатманд сохтмони нерӯгоҳи хурди 200 КВт ба анҷом расида, беморхонаи деҳаи Басид барои 10 кат бо таҷҳизоти ҳозиразамон, ҳоҷатхона ва ҳамом ба истифода супорида шуд. Аз ҳисоби ин сайёҳон ҳар сол табибон аз хориҷи кишвар даъват шуда, ба сокинони ҷамоати Бартанг хизмати тиббӣ мерасонад. Онҳо дар оянда ният доранд, ки мардуми деҳаи Басиди ҷамоати Бартангро бо оби ошомиданӣ таъмин кунанд.

Ҳамзамон сардухтури дармонгоҳи минтақавӣ Мамадёр Қазоқов иброз дошт, ки ин беморхона дорои озмоишгоҳ, ошхона ва дорухона буда, таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби сайёҳон харидорӣ ва пурра таъмир шудааст. Аз ҷумла, ҷаҳонгардони хориҷӣ ду дастгоҳи барқии муоинаи дил ва ташхиси ултрасадоро аз Олмон интиқол додаанд, ки онҳоро мутахассисон васлу насб карданд.

Гуфта мешавад, ки сармоягузорон дар соли 2016 ҳамчун сайёҳ бо роҳбарии Петер Бондес ба Тоҷикистон ворид гардида, бо шароити зиндагии мардум дар деҳаи дурдасти ноҳияи Рӯшон шинос шуданд. Сипас онҳо тасмим гирифтанд, ки барои беҳтар кардани сифати зиндагии мардуми таҳҷоӣ саҳми худро гузоранд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо ин сайёҳон вохӯрда, барои саҳмгузории онҳо дар ободонии вилоят изҳори сипос кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.