ICANN: DNS-и сомонаи «Азия-Плюс» дастӣ тағйир дода шудааст

Корпоратсияи байнулмилалӣ оид ба идоракунӣ ба номҳои доменӣ ва IP-суроғаҳо (ICANN) дар посух ба саволҳои Радиои Озодӣ вазъи маҳдуд будани дастрасӣ ба сомонаи асосии «Азия-Плюс» (news.tj)-ро шарҳ дод. Букет Ҷошкунер, ҳамоҳангсози муоширати байналмилалӣ дар ICANN дар посухи хаттиаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ба мо маълум аст, ки ном (username) ва калидвожа (password)-е, ки asiaplus.Itd барои […]

Asia-Plus

Корпоратсияи байнулмилалӣ оид ба идоракунӣ ба номҳои доменӣ ва IP-суроғаҳо (ICANN) дар посух ба саволҳои Радиои Озодӣ вазъи маҳдуд будани дастрасӣ ба сомонаи асосии «Азия-Плюс» (news.tj)-ро шарҳ дод.

Букет Ҷошкунер, ҳамоҳангсози муоширати байналмилалӣ дар ICANN дар посухи хаттиаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “ба мо маълум аст, ки ном (username) ва калидвожа (password)-е, ки asiaplus.Itd барои ворид шудан ба номи домейн дар сайти сабтшудааш истифода мекунад, рахна шудааст ва як шахси ғайримутасаддӣ ин нишондодро тағйир додааст. Вале мо намедонем, ки инро чӣ касе анҷом додааст”.

“Ҳамаи ҷонибҳо, яъне “худи “Азия-Плюс”, регистратор ё ниҳоди сабткунанда ва ниҳоде, ки дар он доменҳои .tj сабтином мешаванд, бояд таҳқиқи ҳамаҷонибаи ҳодисаи рухдодаро ба роҳ монда, нуқтаҳои заъфро пайдо кунанд”, – иброз доштааст ин мутахассиси ICANN.

Коршиноси дигари ICANN Луна Мади мутмаин аст, ки “Азия-Плюс” мутобиқи созишномаҳои баимзорасида, ҳуқуқ дорад, ки аз регистратори домени tj ислоҳи вазъро талаб намояд ва дар сурати рад шудани он, ба суд муроҷиат намояд.

Гуфта мешавад, созмони ICANN дар Лос-Анҷелеси Амрико масъули назорат аз амнияти интернетӣ дар ҷаҳон мебошад. Рисолати аслии он кумак дар ҳамоҳангсозии фаъолияти IANA ё идораи тақсими рақамҳои интернет мебошад, ки дар фаъолияти DNS (Domain Name System), яъне низоми номгузории сомонаҳо лозим мебошад.

Ба мактубу муроҷиатҳои “Азия-Плюс”, ки дар онҳо хато дар номи домени сомонаи асосӣ «Азия-Плюс» (news.tj) зикр шудааст, мақомоти дахлдор посух намедиҳанд. Ба ин тариқ на Хадамоти алоқаву на “Тоҷиктелеком” ба дархостҳои “Азия-Плюс” дар мавриди ҳалли мушкилоти техникии мавҷуда посух надоданд.

Дар ҳамин ҳол, Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар як муроҷиати телефонии Радиои Озодӣ гуфтаас, “ман худам шахсан инро шунидам ва фаҳмидам, ки гӯиё бо сабаби ба адади "0" табдил шудани ҳарфи "О" ин сомона мушкил пайдо кардааст”.

“Ҳоло мутахассисони хадамот инро баррасӣ доранд, натиҷааш ҳанӯз маълум нест. Супориш ҳам гирифта буданд ва инро ҳатман мебинанд. Омили дигар ҳам ҳаст, ки ин мушкил метавонад аз берун бошад. Барои ҳамин инро мушаххас кардан лозим аст”, – қайд кардааст ӯ.

Ду домени асосии «Азия-Плюс» – news.tj ва asiaplus.news аз 19 август ҳатто тариқи VPN дастнорасанд. Дар ин рӯз дар сабти техникӣ ба DNS-сервери мо хато – дар калимаи «cloudflare» ба ҷойи ҳарфи “о” рақами 0 (сифр) пайдо шуд.

Дуруст ба назар мерасад, лекин аслан ҳамаи трафики равона ба сомонаи мо акнун ба он намеафтад. Хадамоти алоқа, ки ба танзими минтақаи домении TJ ҷавобгӯ асту дар бораи вуҷуд доштани хато аз мо огоҳинома гирифтааст, то ҳол онро бартараф намекунад.

Айни замон ба портали иттилоотии “Азия-Плюс” тариқи VPN бо домени нав – asiaplus.news метавон ворид шуд.

Ҳамчунин хабарҳои моро дар каналҳои Telegram https://t.me/asiaplus (бо забони русӣ), https://t.me/asiaplustj (бо забони тоҷикӣ) ва дар Viber https://viber.com/asia-plus дарёфт карда метавонед. Хабарҳои мо дар саҳифаамон дар Facebook https://www.facebook.com/newstj/ низ қобили дарёфт аст. Ба Дзен-канали мо –  https://zen.yandex.ru/newstj ва Инстаграми мо – https://www.instagram.com/asiaplustj/ обуна шавед.

Бинобар сабаби ин мушкилот суроғаҳои почтаи электрнии мо низ аз кор монданд.

Метавонед тариқи суроғаҳои нави мо дар робита бошед:

* Идора – [email protected]

* Радио – [email protected]

* Хадамоти рекламавӣ – [email protected]

* Обуна ба иттилоот – [email protected]

* Масъалаҳои маъмурӣ – [email protected]

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.