Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Соати 17:00 маросими ифтитоҳи намоишгоҳи рассомони ҷавони Тоҷикистон доир мегардад. Он бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад-Тоҷикистон дар студияи галереяи Art Doshan барпо мешавад. Студия дар кӯчаи Назаршоев, 29 (самти вокзали роҳи оҳан ва мактаби№ 100) воқеъ аст. Маълумоти муфассал бо телефони: +992 901000831 ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат […]

АНОНС

– Соати 17:00 маросими ифтитоҳи намоишгоҳи рассомони ҷавони Тоҷикистон доир мегардад. Он бо дастгирии Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» — Бунёди мадад-Тоҷикистон дар студияи галереяи Art Doshan барпо мешавад. Студия дар кӯчаи Назаршоев, 29 (самти вокзали роҳи оҳан ва мактаби№ 100) воқеъ аст. Маълумоти муфассал бо телефони: +992 901000831

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6897 сомонӣ;

1 евро – 10.7226 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1465 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1934 – Дар Душанбе муассисаи бернуазмактабии Стансияи техникҳои ҷавон кушода шуд.

1936 – Таъсиси унвони фахрии «Ҳунарпешаи халқии ИҶШС»

1940 – Сохтмони Шоҳроҳи Бзуруги Помир ба итмом расид.

1968 – Ифтитоҳи Даҳаи адабиёту фарҳанги ӯзбек дар Тоҷикистон.

1999 – Дар маркази шаҳри Душанбе муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ифтитоҳ ёфт.

2006 — Дар Душанбе Маркази илмӣ-тадқиқотии омӯзиши тоҷикони ҷаҳон ифитоҳ шуд.

2006 — Шумораи нахустини маҷаллаи давлатии сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» ба табъ расид.

2007 — Ба муносибати 800-солагии Ҷалолиддини Румӣ Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои ҷашнӣ баровард.

2011 — Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои баландтарин дар шаҳри Душанбе – маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» ҳусни оғоз бахшид.

1934 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Набиҷон Ҳамидов.

1937-2004 – Мавлуди дипломат ва арбоби давлатӣ Ғарибшо Шаҳбозов.

1937 – Зодрӯзи оҳангсоз, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Анвар Баротов.

1949 – Мавлуди журналист Олимҷон Ёрасенов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 6 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.