Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара корхонаи коркарди шир ифтитоҳ кард

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ҳузур дошт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи коркарди шир – ҶДММ “Шири Данғара” ҳусни оғоз бахшид. Дар ин корхона 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва […]

Asia-Plus

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи як қатор иншоот ҳузур дошт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи коркарди шир – ҶДММ “Шири Данғара” ҳусни оғоз бахшид.

Дар ин корхона 11 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, сметана, ҷурғоти хонагӣ ва 3 намуд кефири мевагӣ, творог, чакка ва шир истеҳсол карда мешавад. Иншооти саноатӣ аз тарафи соҳибкор Баҳром Олимов бунёд карда шудааст.

Дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғара Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии “Умед”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолият ба беш аз 70 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуд.

Сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст