Пирӯзии Баҳодур Усмонов дар рақобати аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар рақобати аввал бо варзишгари Украина Александр Железняк дар вазни то 63 кило бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуд. Дар даври 1/16 финалӣ Баҳодур Усмонов рӯзи 14-уми сентябр бо муштзани турк Туғрул Эрдмемир қувваозмоӣ мекунад. Туғрул дар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар рақобати аввал бо варзишгари Украина Александр Железняк дар вазни то 63 кило бо ҳисоби 5 бар 0 дастболо шуд.

Дар даври 1/16 финалӣ Баҳодур Усмонов рӯзи 14-уми сентябр бо муштзани турк Туғрул Эрдмемир қувваозмоӣ мекунад. Туғрул дар даври аввал қаҳрамони Олмон оид ба бокс дар ин вазн Владислав Баришникро шикаст дод.

Қаблан муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев ба даври 1/16 финалӣ роҳ ёфта, рӯзи 15-уми сентябр бо намояндаи Миср Абдураҳмон Арабӣ рақобат мекунад.

Дигар намояндагони Тоҷикистон – Бахтовар Сагизов (вазни то 57 кило) ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад (75 кило) дар даври аввали мусобиқа бо ҳисоби якхелаи 0 бар 5 мутаносибан аз муштзанони Марокаш ва Мексика шикаст хӯрданд.

Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи ҷой доштани мухолифатҳо байни Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ва Федереатсия байнулмилалии бокс АИБА, дар ин чемпионат роҳхатҳои олимпӣ дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.