Дӯстум: Толибонро дар шимоли Афғонистон дар 6 моҳ торумор карда метавонам

Ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон, генерал Абдул-Рашид Дӯстум изҳор доштааст, ки агар ҳукумат ва ИМА ба ӯ чунин имкон диҳанд, тӯли 6 моҳ ҷунбиши “Толибон”-ро дар шимоли кишвар шикаст медиҳад. Тавре Хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews иттилоъ дод, дар ин бора ӯ зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул ибрози назар кардааст. Вай дар хусуси бо иштироки амрикоиҳо, нерӯҳои ҳукумати […]

Asia-Plus

Ноиби аввали раисҷумҳури Афғонистон, генерал Абдул-Рашид Дӯстум изҳор доштааст, ки агар ҳукумат ва ИМА ба ӯ чунин имкон диҳанд, тӯли 6 моҳ ҷунбиши “Толибон”-ро дар шимоли кишвар шикаст медиҳад.

Тавре Хабаргузории “Фергана” бо истинод ба TOLOnews иттилоъ дод, дар ин бора ӯ зимни як нишасти хабарӣ дар Кобул ибрози назар кардааст.

Вай дар хусуси бо иштироки амрикоиҳо, нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва низомиёни НАТО торумор кардани ҷангиёни Толибон дар шимоли кишвар як нақша тарҳрезӣ кардааст.

“Ман аз раисҷумҳур, Шӯрои миллии амният, ИМА, НАТО ва дӯстони байнулмилалӣн дархост кардам, ки биёянду нақшаи маро баррасӣ ва иҷро кунанд. Барои ин на нерӯҳои хушкигард талаб карда мешавад, на захоири дигар, – гуфтааст ӯ. – Баҳри татбиқи нақшаи мазкур шаш моҳ вақт лозим аст”.

Ба қавли Дӯстум, дар гуфтушунидҳо бо намояндагони ҷунбиши “Толибон” ИМА дучори бунбаст шудааст.

“Ба мисли соли 2001 барои раҳоӣ аз ин бунбаст ба ИМА кумак мекунем, то ки онҳо бо сари баланд тарки Афғонистон карда тавонанд”, – гуфтааст Дӯстум.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст