Натиҷаҳои гуфтушуниди имрӯза оид ба вазъи сарҳад

Дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба вазъ дар сарҳад ба итмом расид. Музокирот соати 7.30 дақиқаи субҳ оғоз шуида, соати 10.15 анҷом ёфт. Маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора […]

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба вазъ дар сарҳад ба итмом расид.

Музокирот соати 7.30 дақиқаи субҳ оғоз шуида, соати 10.15 анҷом ёфт.

Маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.

Ҳамчунин қарор шудааст, ки то соати 18-и бегоҳ нерӯҳои иловагӣ ва техникаи ҷангӣ аз ҳар ду ҷониб гирифта мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти қудратӣ хабар дод.

Шоми дирӯз дар сарҳад вохӯрии сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон доир гардида, ба ҳайатҳои марбутаи кишварҳо супориш дода шуд, ки кори муштаракро дар маҳалли ҳодиса идома диҳанд, то ки ба ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти бавуҷудомада мусоидат карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, зиндагии сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъача бо мароми худ ҷараён дорад, ҳарчанд дирӯз ҳама ҷо баставу кор намекард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.