Пирӯзии устоҳои тоҷик дар озмуни байнулмилалии Қӯқанд

Дар бахши “Устои мактаби олии ҳунар”-и Фестивали байнулмилалии ҳунармандӣ, ки дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон баргузор шуд, намояндагони Тоҷикистон ду зинаи аввалро ишғол карданд. Аъзои Иттифоқи ҳунармандони кишвар Абдуқаҳҳор Ҳамдамов ва Содиқ Зарифов соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Абдуқаҳҳор Ҳамдамов устои қолинбоф, мушовир оид ба рангдиҳӣ ва қолинбофии дастӣ мебошад. Ӯ муассиси маркази таълими устоҳои ҷавон аст. Содиқ Зарифов шонаҳои дастӣ, бозича ва қуттиву […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар бахши “Устои мактаби олии ҳунар”-и Фестивали байнулмилалии ҳунармандӣ, ки дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон баргузор шуд, намояндагони Тоҷикистон ду зинаи аввалро ишғол карданд.

Аъзои Иттифоқи ҳунармандони кишвар Абдуқаҳҳор Ҳамдамов ва Содиқ Зарифов соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

Абдуқаҳҳор Ҳамдамов устои қолинбоф, мушовир оид ба рангдиҳӣ ва қолинбофии дастӣ мебошад. Ӯ муассиси маркази таълими устоҳои ҷавон аст.

Содиқ Зарифов шонаҳои дастӣ, бозича ва қуттиву сандуқчаҳо месозад. Маҳсулоти ӯ дорои Нишони сифати ЮНЕСКО буда, аллакай дар бозорҳои ҷаҳон муваффақона ба фурӯш меравад.

Ба ҳар кадом аз устоҳои тоҷик 2500 доллар мукофотпулӣ тақдим гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода роҳбарӣ кард.

Дар фестивал беш аз 370 нафар устоҳои боистеъдод, ходимони фарҳанг, олимони санъатшинос аз 78 кишвари дунё ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории фестивал дар Қӯқанд тарғиби таъриху фарҳанги қадима, шиносоии аҳли ҷомеа бо ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими робитаҳо дар миқёси байнулмилалӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.