Филми “Дуғоб” дар ҷашнвораи байнулмилалӣ ҷоиза гирифт

Маҳсули эҷоди коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мӯсо дар Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” беҳтарин дониста шуд. “Дуғоб” дар бахши “Филми кӯтоҳи достонии хориҷӣ” сазовори ҷоизаи асосӣ гардид. Муаллифи ин филмнома нависандаи шинохтаи тоҷик Сорбон мебошад. Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, дар ҷашнвораи имсола беш аз 30 филми ҳунарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Лубнон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистн, Покистон, Олмон, Туркия, Канада, […]

Маҳсули эҷоди коргардони тоҷик Зайнулобиддини Мӯсо дар Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” беҳтарин дониста шуд.

“Дуғоб” дар бахши “Филми кӯтоҳи достонии хориҷӣ” сазовори ҷоизаи асосӣ гардид. Муаллифи ин филмнома нависандаи шинохтаи тоҷик Сорбон мебошад.

Бино ба иттилои “Тоҷикфилм”, дар ҷашнвораи имсола беш аз 30 филми ҳунарӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Лубнон, Қазоқистон, Эрон, Афғонистн, Покистон, Олмон, Туркия, Канада, Ҳиндустон ва Дания ширкат варзиданд. Ҳакамони ҷашнвора ба забону муҳтавои филм, аҳамияти мавзуъ ва назокати тасвир диққат доданд, то ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат кунад.

Имсол 11-умин давраи Киноҷашнвораи ҷаҳонии “Само” давоми се рӯз дар шаҳри Стокҳолми Шветсия ҷараён гирифт. Филми “Дуғоб” бори нахуст дар ҷашнвораи хориҷ аз кишвар иштирок карда, пирӯз шуд. Муҳтавои онро коргардон Зайнулобиддини Мӯсо ба “Asia-Plus” чунин шарҳ дод:

“Филм дар бораи марзи одамгарӣ қисса мекунад, ки аз он набояд берун шуд. Эҳтироми анъана ва эътиқодоти динӣ набояд болотар аз ҳиссиёти инсонӣ ва меҳрубонию накӯкорӣ гузошта шавад”.

“Қаҳрамонони асосии филм як хонум ва писари панҷсолаи ӯ мебошанд. Дар деҳаи онҳо сохтмони ҷӯйи калон ҷараён дорад. Зан азоби сохтмончиёнро дида, мехоҳад барои онҳо дуғоби миллӣ тайёр кунад, ки номи филм баргирифта аз он аст. Хонум дуғобро ба писараш медиҳад, то ба сохтмончиён барад. Воқеа аз он шурӯъ мешавад, ки як коргар аз нӯшидани дуғоб худдорӣ карда, инро ба дастони ифлос ва хатнатӯй нашудани писарбача рабт медиҳад. Кӯдакони хиёбон ҳам бо ӯ бозӣ намекунанд. Писарак ба модараш шикоят мебарад. Модар мехоҳад ду ангуштарии худро фурӯшад, то фарзандашро хатнатӯй кунад… Нуқтаи авҷи филм ва гиреҳкушоии қазияро зимни тамошои он дармеёбед”, – гуфт коргардон.

Зайнулобидини Мӯсо хатмкардаи Донишкадаи санъати Тоҷикистон аз рӯйи ихтисоси “Коргардони театр ва синамо” мебошад. Дар киностудияи “Тоҷикфилм” аз соли 1991 кор мекунад. Фаъолияти худро ба ҳайси ёвари наворбардори филмҳои Бахтиёр Худоназаров оғоз кардааст. Ӯ шогирди филмбардори касбӣ Георгий Дзалаев мебошад. Дар ҷараёни фаъолияти худ даҳҳо филм ба навор гирифтааст. Ҳамчунин коргардон-таҳиягари 2 филм аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.