Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар меҳмонхонаи Серена Душанбе Аввалин Фестивали MediaCAMP Fest барои мутахассисони расонаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад. Назди иштирокчиёни фестивал беҳтарин коршиносони ин соҳа аз Русия, Украина ва Аврупои Шарқӣ маърӯзаҳо карда, машғулиятҳо мегузаронанд; – Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар меҳмонхонаи Серена Душанбе Аввалин Фестивали MediaCAMP Fest барои мутахассисони расонаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кор шурӯъ мекунад. Назди иштирокчиёни фестивал беҳтарин коршиносони ин соҳа аз Русия, Украина ва Аврупои Шарқӣ маърӯзаҳо карда, машғулиятҳо мегузаронанд;

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукумати таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Радиои Озодӣ маросими супурдани ҷоиза ба ғолибони озмуни “Деҳи ман як порчаи хоки Ватан”-ро баргузор мекунад. Чорабинӣ дар меҳмонхонаи “Хилтон” соати 10:00 оғоз мегардад;

– Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирӣ дар Қазоқистон паҳлавонони тоҷик ба қувваозмоиҳои худ идома медиҳанд;

– Даври 18-уми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон: «Ваҳдат» – «Локомотив-Помир»; «Равшан» – «Зарафшон», «Душанбе-83» – «Ҳулбук». Оғози бозиҳо соати 18:00;

– Дар Таиланд Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ ҷараён дорад, ки дар он дастаи Тоҷикистон низ иштирок дорад.  

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6831 сомонӣ;

1 евро – 10.7056 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1503 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1940 — Оғози сохтмони канали калони Ҳисор.

2010 — Дар дараи Камароби ноҳияи Рашт қатораи автомашинаҳои Вазорати мудофиаи ҶТ мавриди тирпарронӣ қарор гирифт. Дар ҷойи ҳодиса 23 нафар афсарону сарбозон ҳалок ва 17 нафари дигар захмӣ шуданд.

1953 – Зодрӯзи сароянда Абдураҳим Шерматов.

1957 – Мавлуди нависанда Сипеҳри Ҳасанзод.

1959 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.