Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати панҷум баргузор мешавад; – Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Фестивали байнулмилалии суруду рақси миллӣ ташкил мекунад. Он дар Филармонияи давлатӣ доир мегардад; – Дар меҳмонхонаи Серена Душанбе Аввалин Фестивали MediaCAMP Fest барои мутахассисони расонаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кораш идома медиҳад. Назди иштирокчиёни фестивал […]

АНОНС

– Дар Душанбе иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт, даъвати панҷум баргузор мешавад;

– Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Фестивали байнулмилалии суруду рақси миллӣ ташкил мекунад. Он дар Филармонияи давлатӣ доир мегардад;

– Дар меҳмонхонаи Серена Душанбе Аввалин Фестивали MediaCAMP Fest барои мутахассисони расонаҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба кораш идома медиҳад. Назди иштирокчиёни фестивал беҳтарин коршиносони ин соҳа аз Русия, Украина ва Аврупои Шарқӣ маърӯзаҳо карда, машғулиятҳо мегузаронанд;

– Дар American Space and Makerspace Dushanbe Tajikistan (кӯч. Толстой, 66) оид ба ҳунарҳои мардумӣ машғулият доир мегардад. Он ба баланд бардоштани таваҷҷуҳи мардум ба истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ ва рушди минбаъдаи фарҳанги тоҷик ва ҳунарҳои мардумӣ нигаронда шудааст; Оғоз соати 15:00;

– Дар Варшава Ҷаласаи САҲА оид ба арзёбии ҳуқуқи башар идома дорад. Тоҷикистонро дар он ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии ёвари президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода намояндагӣ мекунад;

– Дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё дар Урдун мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Непал бозӣ мекунад. Оғози бозӣ соати 22:00 ба вақти Душанбе;

– Дар Тошканд Мусобиқаи байнулмилии Grand Prix оид ба дзюдо оғоз мегардад, ки дар он 470 гуштигир аз 73 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат меварзанд;

– Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гуштигирии тарзи озод дар Қазоқистон паҳлавонони тоҷик ба қувваозмоиҳои худ идома медиҳанд;

– Даври 18-уми мусобиқаи Лигаи якуми футболи Тоҷикистон:  «Саройқамар» – «Дӯстӣ», «Парвоз» – «Эсхата», «Файзқанд» – «Исфара», «Барқчӣ» – «Шоҳмансур». Оғози ҳамаи бозиҳо соати 16:00;

– Дар Таиланд Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ ҷараён дорад, ки дар он дастаи Тоҷикистон низ иштирок дорад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6899 сомонӣ;

1 евро – 10.7248 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1509 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1924 – Дар Душанбе шуъбаи нахустини почтаву телеграф кушода шуд.

1932 — Дар боғи шаҳрии Сталинобод (феълан Душанбе) нахустнамоиши аввалин филми ҳунарии Тоҷикистон – “Вақте амирон мемиранд” доир гардид.

2011 — Дар Афғонистон бар асари амали террористӣ собиқ президенти ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ ба ҳалокат расид.

2018 — Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Академияи Кембриҷ дар Душанбе оғоз бахшид.

1909-1993 – Зодрӯзи Ҷалол Икромӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

1916-1986 – Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Тӯтӣ Ғаффорова.

1930-2006 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Абдулло Назриев.

1945 – Мавлуди Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ, муаллифи матни Гимни давлатии ҶТ Гулназар Келдӣ.

1946-2010 – Зодрӯзи Музаффар Неъматов, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ

1947 – Мавлуди доктори улуми иқтисодӣ, профессор Амир Катаев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 20 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.