Барзу Абдураззоқов: Дер фаҳмидам, ки фардо вуҷуд надорад…

Коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдураззоқов 60-сола шуд. Ӯ зодрӯзи худро бо омодагӣ ба намоиши шомгоҳӣ дар театри «Жас Сахна»-и Алмаато гузаронд. Хабарнигори “Asia-Plus” соҳибҷашнро таҳният гуфта, аз ӯ мусоҳибаи кӯтоҳ гирифт. – Ҷисман дар Алмаато қарор дорам ва машғули таҳияи спектаклҳои худ ҳастам. Бо дӯстонам муошират мекунам. Оилаи худро дӯст медорам, ки аз кишваре ба кишваре […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Коргардони машҳури тоҷик Барзу Абдураззоқов 60-сола шуд. Ӯ зодрӯзи худро бо омодагӣ ба намоиши шомгоҳӣ дар театри «Жас Сахна»-и Алмаато гузаронд. Хабарнигори “Asia-Plus” соҳибҷашнро таҳният гуфта, аз ӯ мусоҳибаи кӯтоҳ гирифт.

– Ҷисман дар Алмаато қарор дорам ва машғули таҳияи спектаклҳои худ ҳастам. Бо дӯстонам муошират мекунам. Оилаи худро дӯст медорам, ки аз кишваре ба кишваре ҳамроҳи ман овораву саргардон аст. Руҳан дар куҷое муаллақ мондаам… Гӯё маро чун мӯрча ба маркази варақи сафед партофтаанд. Ман то андозае ҳаяҷонзадаву ҳаросонам, зеро намедонам, ки чӣ кор кунаму ба куҷо равам. Ҳама чиз возеҳият ва шаклу сурати шиносро гум кардааст. Боз мебинем, ки ин роҳ ба куҷо мебарад. Охир мӯрчаро бо кадом мақсаде партофтаанд…

– 60-солагии худро чӣ гуна истиқбол гирифтед?

– Дар рӯйи саҳна. Тамоми рӯз тамрин доштем ва ҳоло намоиш ҷараён дорад (соҳибҷашн посухҳоро шоми 19-уми сентябр навишт – Asia-Plus). Ба итмом расад, шояд бо ҳунармандон хӯроки шом хӯрем.

– Ба шаст соли умри худ чӣ баҳо медиҳед?

– Камтар аз 4, вале ҳамаи 10 имтиёзро мехостам.

– Агар имкони бозпас гардондани вақт бошад, чиро тағйир медодед?

–  Ҳеҷ чизро дигаргун намекардам. Аз тақдирам розиям. Танҳо дер фаҳмидам, ки фардо вуҷуд надорад. Фақат имрӯз ҳаст, ки барои “фардо” таҳкусрӣ гузошта, мазмун меофарад.

– Аз зиндагии худ розиед?

–  Бале, ман хушбахтам. Ва агар имрӯз лозим ояд, ки биравам, дар фарҷом танҳо мегӯям: СИПОСГУЗОРОРАМ!

– Орзуҳои амалиношуда доред?

– Ман танбалам ва бисёр корҳоро ба “фардо” мавқуф мегузорам. Заминро аз Моҳтоб дидан мехоҳам. Ва ё лаҳзае барои худ фаҳмидаву дарк бисозам, ки “Равшангарӣ” чист.

– Лаҳзаи беҳтарине, ки аз пеши назари Шумо дур намеравад…

– Барои зикри лаҳзаи ҷудогона душворӣ мекашам. Ҳаёт нотакрор аст ва хушбахтам, ки ба ман шонси дидану шунидан, ошиқ шудану дӯстдошта будан, заҳмат кашидану офаридан, фарзанд калон кардан, мафтуни ҳамсари худ будан, иштибоҳ кардан ва эътиқод ба Худованд ато шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Табдили рақамии Тоҷикистон: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.