Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати баргузории корҳои таъмирии шабакаҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» аз 23 то 25 сентябр ба аксари кӯчаву маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.
Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар ин фосилаи вақт оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обҷамъкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» интиқол дода намешавад.
Зимнан аз соати 23:00-и 23 сентябр то соати 24:00-и 24 сентябр таъмни оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарон кӯчаҳои Чомӣ, Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ; маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенов, Камонгарон, Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ ва шаҳраки Севастополи ноҳияи Сино муваққатан қатъ карда мешавад.
Аз соати 23:00-и 24 сентябр то соати 24:00-и 25 сентябр интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Мирали Маҳмадалиев ва Абдуллоев Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ боздошта мешавад.
Дар ин муддат интиқоли об ба кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротеғин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқи, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Мирали Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур низ қатъ мегардад.
Шаҳрдорӣ аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои мазкур хоҳиш кардааст, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира кунанд.
Ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва директори КВД “Обу корези Душанбе” дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳо тибқи нақша бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби ошомиданӣ таъмин созанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


