Қадрдонии сокини ноҳияи Рӯдакӣ пас аз марг. Ӯ ҷинояткорро боздошт кардан мехост

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Мустафо Наимовро, ки ҳангоми кӯшиши боздошти ҷинояткор ҳалок шуд, пас аз марг бо медали “Барои далерӣ” қадрдонӣ кард.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, рӯзи 22-юми сентябр, тахминан соатҳои 19:00 дар кӯчаи Борбади пойтахт шахси номаълум бо роҳи зӯрӣ телефони шаҳрванд Артур Тугеевро гирифта, ба самти бозори “Деҳқон” воқеъ дар маҳаллаи Гипрозем мегурезад. Тугеев мардро дунболагирӣ карда, ба ӯ фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, сокини 28-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Мустафо Наимов ҳамроҳ мешавад.

“Наимов мардро дарёб карда, ӯро меафтонад, аммо ҷинояткор бо олоти бурандаю халанда ба бадани Наимов Мустафо задаву ӯро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Аз ҷароҳатҳои бардошта Наимов дар бемористон ҳалок шуд. Айни замон ҷиҳати боздошти ҷинояткор тадбирҳо андешида мешаванд.

Бо фармони Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Мустафо Наимов барои зоҳир кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, нишон додани корнамоию мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ пас аз марг бо медали «Барои далерӣ» қадрдонӣ карда шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...