Оғози амалисозии лоиҳаи БҶ ба маблағи 58 млн. доллар дар ҷануби Тоҷикистон

Маросими оғози татбиқи лоиҳа оид ба таъминот бо об ва санитария, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ(БҶ) маблағгузорӣ мешавад, рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Бохтар доир гардид. Амалисозии лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 400 ҳазор нафар дар ноҳияҳои деҳоти вилояти Хатлон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Боз наздики 100 ҳазор нафар, асосан кӯдакон […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Маросими оғози татбиқи лоиҳа оид ба таъминот бо об ва санитария, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ(БҶ) маблағгузорӣ мешавад, рӯзи 25 сентябр дар шаҳри Бохтар доир гардид.

Амалисозии лоиҳа имкон медиҳад, ки беш аз 400 ҳазор нафар дар ноҳияҳои деҳоти вилояти Хатлон ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Боз наздики 100 ҳазор нафар, асосан кӯдакон аз беҳбуди шароити санитарӣ ва омӯзиши амалияи гигиенӣ баҳра мебардоранд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Бонки ҷаҳонӣ хабар медиҳад.

Лоиҳа аз ҳисоби воситаҳои грантӣ дар ҳаҷми 58 млн. доллар маблағгузорӣ мешавад. Он дар ноҳияҳои сатҳи баланди камбизоатӣ ва дастрасии нокофӣ ба таъмини бехатарии об ва хизматрасонии санитарӣ – Вахш, Леваканд (Сарбанд), Кӯшониён (Бохтар), Дӯстӣ (Ҷиликӯл), Балхӣ (Румӣ), Ҷайҳун (Қумсангир) ва Восеъ амалӣ мегардад.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс қайд кард, ки айни замон аз се хонаводаи дар маҳалли деҳот иқоматдоштаи Тоҷикистон ҳамагӣ як хонавода ба қубури оби нӯшокӣ (водопровод) дастрасӣ дорад.

Дар доираи лоиҳа аз баргузории ислоҳоти ҷорӣ дар бахши таъминот бо об тариқи тақвияти фаъолияти хадамоти коммуналӣ дастгирӣ мешавад. Бо мақсади беҳбуди хизматрасонӣ фаъолияти воҳидҳои маҳаллии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бозбинӣ ва тақвият дода мешаванд.

Лоиҳаи таъмноти деҳот бо об ва санитария муддати панҷ сол аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Вазорати энергетика ва захираҳои об тавассути Маркази идоракунии лоиҳаи “Рушди зербинои маҳаллӣ”-и назди ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.