Продюсери тоҷик бо 100 таксӣ ба камбизоатон кумак фиристод

Роҳбари ширкати “Tojikon Holiday” Мансур Неъматов, ки машғули баргузории маросимҳои тӯёна аст, як иқдоми хайр доир кард: ӯ 100 таксӣ фармоиш дода, ба оилаҳои камбизоат маҳсулоти ғизоӣ фиристод. Ин тарзи кумакро Неъматов пас аз тамошои навори блогери рус Михаил Литвин, ки бо 50 таксӣ ба камбизоатон кумак фиристод, интихоб кард. “Бо дӯстон ин наворро тамошо карда, тасмим гирифтем, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Роҳбари ширкати “Tojikon Holiday” Мансур Неъматов, ки машғули баргузории маросимҳои тӯёна аст, як иқдоми хайр доир кард: ӯ 100 таксӣ фармоиш дода, ба оилаҳои камбизоат маҳсулоти ғизоӣ фиристод.

Ин тарзи кумакро Неъматов пас аз тамошои навори блогери рус Михаил Литвин, ки бо 50 таксӣ ба камбизоатон кумак фиристод, интихоб кард.

“Бо дӯстон ин наворро тамошо карда, тасмим гирифтем, ки шумори мошинҳоро бо кумак бештар кунем. Дар як вақт 100 таксӣ фармоиш дода, дар онҳо ба ниёзмандон кумак фиристодем”, – гуфт дар суҳбат бо “Азия-Плюс” Мансур Неъматов.

Кумак аз орду картошка, пиёзу биринҷ, равған, шакар ва дигар маҳсулоти ғизоӣ, ҳамчунин маводи доруворӣ иборат буд.

Аз ҷумла, худи ронандагони таксӣ низ имкон доштанд, ки оилаи камбизоати барои худашон шиносро интихоб карда, кумакро ба он хонавода баранд.

“Ҳар моҳ аз даромадамон дар шабакаи YouTube маблағ ҷамъ оварда, ба камбизоатон дасти ёрӣ дароз мекунем”, – иброз дошт Неъматов.

Ӯ ба суоли “барои ин иқдоми хайр чӣ қадар маблағ сарф шуд?” посух нагуфт, вале марбут ба ин дар шабакаи YouTube хабар дод. Навори ин видеоро аллакай беш аз 184 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Вай афзуд, бо гузоштани навори видео дар шабака хостори он аст, ки дигарон ҳам ба ин амали ӯ пайравӣ кунанд.

“Чунин иқдомҳоро таблиғ мебояд кард, то ки дигарон низ ба он пайравӣ кунанд. Касе гуфт, ки бо 200 мошин иқдоми хайрия доир мекунад. Ин аллакай нишонаи хуб аст, агар ӯ ин корро кунад, пас дар минбаъдааш ман бо 1000 таксӣ баргузор мекунам”, – изҳор дошт роҳбари “Tojikon Holiday”.

Ширкати мазкур соли 2002 бо ташкили чорабиниҳои тӯёна ба фаъолият шурӯъ кард. Тадриҷан соҳаи фаъолият густариш ёфта, соли 2011 “Tojikon Holiday” ба шумори ширкатҳои пешрафтаи бахши истироҳату фароғат дохил шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.