Дар Ӯзбекистон барои никоҳи бидуни сабт ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ карданианд

Дар Ӯзбекистон тасмим доранд, барои бастани никоҳи бидуни сабт дар мақомоти расмии давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ роҳандозӣ кунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гавҳар Олимова, муовини раиси вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар ин робита изҳор доштааст, ки барои бастани никоҳи бидуни қайд дар мақомоти давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ хоҳад шуд. “Дар ин маврид ҳоло дар […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Ӯзбекистон тасмим доранд, барои бастани никоҳи бидуни сабт дар мақомоти расмии давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ роҳандозӣ кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гавҳар Олимова, муовини раиси вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дар ин робита изҳор доштааст, ки барои бастани никоҳи бидуни қайд дар мақомоти давлатӣ ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ хоҳад шуд.

“Дар ин маврид ҳоло дар ҷумҳурӣ ба қонунгузорӣ тағйирот ворид мешавад ва дар асоси ин тағйирот, домуллоҳое ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд, ки бидуни санади САҲШ (сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ) зану мардро никоҳ мекунанд", – гуфтааст ӯ.

Зикр мешавад, ки ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, дар Ӯзбекистон соли ҷорӣ расман 33 ҳазор ҷуфт аз қайди расмии никоҳи давлатӣ гузаштаанд. Ин дар ҳолест, ки 12 150 оилаи дигар бар асоси қонунҳои шариат оила бунёд кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.