Дар Русия эътироф карданд: афзоиши аҳолӣ танҳо ба туфайли муҳоҷирон сурат мепазирад

Камшавии табиии шумори аҳолии Русия ҳадди ақал то соли 2023 идома меёбад. Дар ин бора дар дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Русия барои солҳои 2020-2022, ки ҳамроҳ бо лоиҳаи буҷети федералӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд, сухан меравад. Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, то соли 2023 ба афзоиши аҳолӣ танҳо зиёдшавии шумори муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард. Танҳо […]

Камшавии табиии шумори аҳолии Русия ҳадди ақал то соли 2023 идома меёбад. Дар ин бора дар дурнамои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Русия барои солҳои 2020-2022, ки ҳамроҳ бо лоиҳаи буҷети федералӣ ба Думаи давлатӣ пешниҳод шуд, сухан меравад.

Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, то соли 2023 ба афзоиши аҳолӣ танҳо зиёдшавии шумори муҳоҷирон мусоидат хоҳад кард. Танҳо аз соли 2024 метавон ба афзоиши табии шумори аҳолӣ умед баст.

То соли 2024 шумори аҳолии Русия ба наздики 149 млн. нафар расида метавонад.

Охири моҳи декабри соли 2018 Идораи омори Русия хабар дода буд, ки дар ин кишвар бори нахуст тайи 10 сол шумори аҳолӣ коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, бо сабаби камшавии аҳолиро ҷуброн карда натавонистани вуруди муҳоҷирон.

Моҳи апрели ҳамин сол муовини сарвазири Русия Татяна Голикова изҳор дошт, ки дар ҳар кадом аз се минтақаи Русия аз рӯйи натиҷаҳои соли 2018 сатҳи маргу мир боло рафтааст. Ба гуфтаи Голикова, сатҳи камшавии аҳолӣ дар Русия аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 99,7 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Ӯ қайд кард, ки тӯли 11 моҳи соли 2018 сатҳи маргу мир дар Русия 193 ҳазор аз таваллуд афзудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...