Бархӯрди Mercedes бо ВАЗ дар ноҳияи Рӯдакӣ: ҳалокати ронандаи ҷавон

Садамаи нақлиёт дар қаламрави ҷамоати Чимтеппа рух дод. Субҳи 7-уми октябр автомашинаҳои тамғаҳои Mercedes-Benz ва ВАЗ-21011 ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа ронандаи 27-сола фавтид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи Mercedes-Benz Аломаддин Зайниддинови 58-сола назорати идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба автомашинаи ВАЗ-21011 таҳти идораи ронанда Хуршед Абдуллоеви 27-сола бармехӯрад. “Дар натиҷа ронандаи автомашинаи […]

Садамаи нақлиёт дар қаламрави ҷамоати Чимтеппа рух дод. Субҳи 7-уми октябр автомашинаҳои тамғаҳои Mercedes-Benz ва ВАЗ-21011 ба ҳам бархӯрда, дар натиҷа ронандаи 27-сола фавтид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи Mercedes-Benz Аломаддин Зайниддинови 58-сола назорати идораи воситаи нақлиётро аз даст дода, ба автомашинаи ВАЗ-21011 таҳти идораи ронанда Хуршед Абдуллоеви 27-сола бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи ВАЗ-21011 ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расид”, – омадааст дар маълумоти ВКД.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, соли 2018 дар роҳҳои Тоҷикистон наздики 400 нафар ҳалок шуда, беш аз 1300 кас ҷароҳат бардоштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.