Бонки осиёии рушд барои Тоҷикистон $404 млн. ҷудо мекунад

Бонки осиёии рушд (БОР) муддати се соли наздик баҳри рушди Тоҷикистон ҷудо кардани 404 млн. доллар маблағро ба нақша гирифтааст. Кумаки навшудаи молиявӣ ба Тоҷикистон дар солҳои 2020-2022 барои мусоидат ба вокуниши хатарҳо ва қонеъ сохтани талаботи  кишвар пешбинӣ шудааст. Дар ин бора намояндагии БОР дар Душанбе маълумот додааст. Гуфта мешавад, ҳаҷми ниҳоии кумак ба чӣ миқдор […]

Бонки осиёии рушд (БОР) муддати се соли наздик баҳри рушди Тоҷикистон ҷудо кардани 404 млн. доллар маблағро ба нақша гирифтааст.

Кумаки навшудаи молиявӣ ба Тоҷикистон дар солҳои 2020-2022 барои мусоидат ба вокуниши хатарҳо ва қонеъ сохтани талаботи  кишвар пешбинӣ шудааст. Дар ин бора намояндагии БОР дар Душанбе маълумот додааст.

Гуфта мешавад, ҳаҷми ниҳоии кумак ба чӣ миқдор дар ихтиёр доштани воситаҳои БОР ва омодагии лоиҳаҳо, инчунин шарикӣ ва маблағгузории имконпазир аз ҷониби дигар созмонтҳои бисёрҷониба ва дуҷониба вобаста аст.

“Нақшаи сесолаи мо ба дурнамои ҷории шарикии БОР бо кишвар ва афзалиятҳои миллии рушд созгор аст, – изҳор дошт намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Прадип Сривастава. – Бар замми лоиҳаҳо дар бахши давлатӣ, БОР имкони сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар тиҷорати кишоварзӣ, бахши молиявӣ ва дигар соҳаҳо низ баррасӣ мекунад”.

Нақшаи индикативии сармоягузорӣ аз лоиҳаҳои инкишофи малакаҳои корӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика бо шумули дастгирии ислоҳот дар соҳа ва беҳбуди зербино, пуштибонӣ аз рушди бахши молиявӣ, ҳамчунин беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ иборат аст.

Ғайр аз ин, БОР дастгирии рушди бахши сайёҳӣ, таъмиру навсозии долонҳои муҳими нақлиётӣ, рушди зербинои шаҳрӣ, баланд бардоштан устуворӣ нисбат ба офатҳои табиӣ ва ислоҳоти фазои сармоягузориро дар нақша дорад.

Қобили зикр аст, ки нахустин кумаки БОР ба Тоҷикистон соли 1998 маъқул дониста шуда, ба дастгирии барқарор кардани иқтисод баъд аз низои дохилӣ равона шуд.

Аз он замон БОР ба Тоҷикистон беш аз 1,8 млрд. доллар, аз ҷумла, зиёда аз 1,1 млрд. доллар ба сифати грант ҷудо кард. Ин кумак ба беҳбуди ҳолати нақлиёт ва зербинои кишвар, дастгирии рушди иҷтимоӣ, густариши истеҳсолоти кишоварзӣ ва густариши ҳамкории тиҷоратии минтақавӣ мусоидат кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.