Нақзи меъёрҳои ахлоқӣ дар матолиби расонаҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд

Шӯрои ВАО имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ натиҷаи риояи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Мониторинги мазкур матолиби нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии узви Шӯрои ВАО-ро дар се моҳи соли равон (аз аввали июн то охири август) мавриди баррасӣ қарор додааст. Тӯли ин муддат аз сӯйи 24 расона (сомонаҳои бархе расонаҳо ҳамчун ВАО-и алоҳида […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Шӯрои ВАО имрӯз зимни як нишасти матбуотӣ натиҷаи риояи Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистонро муаррифӣ кард.

Мониторинги мазкур матолиби нашрияҳо ва сомонаҳои интернетии узви Шӯрои ВАО-ро дар се моҳи соли равон (аз аввали июн то охири август) мавриди баррасӣ қарор додааст. Тӯли ин муддат аз сӯйи 24 расона (сомонаҳои бархе расонаҳо ҳамчун ВАО-и алоҳида ба эътибор гирифта шудаанд) 13 банди Меъёрҳои ахлоқӣ 159 бор нақз шудаанд.

Ба гуфтаи дастандаркорони мониторинг, баъзан расонаҳои кишвар Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистиро ба таври огоҳона ва дағалона вайрон мекунанд.

Аз 17 банди Меъёрҳо беш аз ҳама банди 12 (Ҷудо будани эҷодиёт аз тиҷорату реклама – 35 бор), банди 5 (Иффати миллӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр – 26 бор), банди 14 (Асардуздӣ/плагиат – 21 бор), банди 7 (Ҳифзу шаъну шараф ва эътибори шахс – 20 маротиба) ва банди 8 (эҳтимоли бегуноҳӣ – 20 бор) вайрон шудаанд.

Аз ҷумла, “СССР” – 19, “Фараж” – 18, “Самак” – 18, “Оила” – 16, “Хатлон” – 2, “Пайк” – 5, Tajikistantimes.com – 15, Hakikati-sugd.tj – 1, Paik.tj – 3, Oila.tj – 5, Vecherka.tj – 1, Gazeta.tj – 7, Faraj.tj – 4, cccr.tj – 5, “Чархи гардун” – 8, “Народная газета” – 1, “Ҷавонони Тоҷикистон” – 5, “Муҳаббат ва оила” – 4, News.tj – 7, “Дайджест пресс” – 2, “Тоҷикистон” – 4, “Азия-Плюс” – 3, “Вечёрка” – 3, “ИмрӯзNews” – 3 маротиба Меъёрҳои ахлоқиро нақз кардаанд.

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки баррасии мазкур теъдоди ками расонаҳоро фаро гирифта, ширкатҳои радио ва телевизион шомили он нашудаанд. Агар ВАО-и бештар мавриди омӯзиш қарор мегирифт, эҳтимол вазъ аз ин ҳузнангезтар мебуд. Аз ҷумла, фазои ногувори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои рушди расонаҳо, инчунин ба вуҷуд омадани шабакаҳои иҷтимоӣ бархе аз ВАО-и суннатиро водор кардааст, ки барои дарёфти манбаъи молии фаъолият хеле аз меъёрҳои ахлоқиро зери по кунанд. Баъзе ҳамкасбон дар навиштаву расонаҳои худ аз забони хушунат, паст задани шаъну шараф, тарғиби зӯроварӣ ва пешдоварӣ кор мегиранд. Ин ҳама тамоюлҳо ба нафъи рӯзноманигорӣ набуда, баръакс эътимоди расонаҳо ва муаллифони онҳоро дар назди мухотаб ва ҷомеа коста мегардонад.

Зикр гардид, ки ниҳодҳои худтанзимкунандаи фаъолияти ВАО бештар ба хотири ҳимояи худи рӯзноманигорон ва расонаҳо буда, рушди журналистикаи босифату боахлоқ ба нуфуз ва обрӯйи идораҳои воситаҳои ахбор ва кормандони онҳо мусоидат мекунад.

Намояндагони Шӯрои ВАО нақзи “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон”-ро маҳкум намуда, аз расонаҳо ва ҳамкасбон хоҳиш карданд, ки бо риояи одоби касбӣ дар рушди рӯзноманигории босифат ва расонидани иттилои дурусту беғараз саҳм бигиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.