Боздошти ронандаи BMW барои амалҳои намоишкоронаи зиддиқонунӣ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронанда автомашинаи тамғаи «БМВ-м-5» Навоии Ҷаббор, соли таваллудаш 1991-ро барои амалҳои намоишкоронаи зиддиқонунӣ дастгир кардааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати мазкур, ин ронандаи ҷавон дар кӯчаи Раҳмон Набиев сабукрави худро якбора аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, бо ин амалаш вазъияти хатарнокро ба вуҷуд овардааст. https://www.youtube.com/watch?v=K-jXNNP7Eow Зимни санҷиш муайян шудааст, ки Навоии […]

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронанда автомашинаи тамғаи «БМВ-м-5» Навоии Ҷаббор, соли таваллудаш 1991-ро барои амалҳои намоишкоронаи зиддиқонунӣ дастгир кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати мазкур, ин ронандаи ҷавон дар кӯчаи Раҳмон Набиев сабукрави худро якбора аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, бо ин амалаш вазъияти хатарнокро ба вуҷуд овардааст.

https://www.youtube.com/watch?v=K-jXNNP7Eow

Зимни санҷиш муайян шудааст, ки Навоии Ҷаббор шишаҳои сабукрави худро бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ сиёҳ кардааст. Нисбат ба ӯ тибқи моддаҳои 330 ва 325 қисми 3-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шудааст. Ӯро барои бе иҷозатномаи махсус сиёҳ кардани шишаҳои мошин ба маблағи 6875 сомонӣ ва ба истилоҳ «кокс»-аш 270 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони милитсияи пойтахт, вақтҳои охир як зумра ронандагони ҷавон аз ҳисси худнамоӣ воситаҳои нақлиёташонро якбора бо суръати баланд аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, боиси ҳароси шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакону пиронсолон ва беморон мешаванд. Онҳо ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба навор гирифтаву дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Инстаграм, Фейсбук, Вотсап, Телеграмм, Твиттер ва ғайра гузошта, интизори «писандидан»-и корбарони интернет мешаванд. Риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва одоби идораи нақлиёт ҷузъи уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, ронандагон барои эмин нигоҳ доштани ҳаёти шаҳрвандон ва пешгирии садамаҳои марговар бояд ҳиссагузор бошанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки амалиёти шартӣ бо номи «Кокс» дар ҳудуди пойтахт идома дошта, шаҳрвандон низ метавонанд дар сурати шоҳид гардидани чунин амали барои ҳаёту саломатии аҳолӣ хатаровар онро тавассути телефони мобилӣ навор бардоранд ва ба суроғаҳои зерин фиристанд.

Почтаи электронӣ: [email protected]
Саҳифаи расмии “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе” дар Facebook
Телефони боварӣ: (+99237) 221-15-00

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.