Сохтмони ферма барои 3 ҳазор чорво дар Ёвон

Date:

Дар ноҳияи Ёвон сохтмони ферма барои 3 ҳазор сар чорвои калони шохдор оғоз гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ферма дар майдони 16 гектар бо дастгирии молии ҶСП “Мармарӣ” бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа 8,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, навбати аввали ферма барои 1 ҳазор сар чорво соли 2020 ба истифода дода мешавад.

“Фаъолияти ферма асосан ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ равона мешавад. Бо пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 600-700 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд”, – хабар дод манбаъ.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз бо ҷараёни корҳои сохтмони ферма шинос шуда, дастур додааст, ки ба сифати кор таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, иншоот саривақт мавриди истифода қарор гирад.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки сохтмони ба ин монанд ферма ба рушди истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти гӯштӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...