«Зебосанам – 2019»: интихоби тоҷикдухтари зеботарин

Марҳилаи интихобии озмуни «Зебосанам – 2019» барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд. Гулдухтарони аз 18 то 28-солае, ки қомати расо, симои зебо, ҳунари воло ва маҳорати суханварӣ доранд, дар ин озмуни ширкат варзиданд. Даври аввали марҳилаи интихобии озмун (кастинг) аллакай дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ доир гардид. Иштирокчиён ва ғолибонро […]

Парвиз Турсунзода, Asia-Plus

Марҳилаи интихобии озмуни «Зебосанам – 2019» барои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баргузор шуд.

Гулдухтарони аз 18 то 28-солае, ки қомати расо, симои зебо, ҳунари воло ва маҳорати суханварӣ доранд, дар ин озмуни ширкат варзиданд.

Даври аввали марҳилаи интихобии озмун (кастинг) аллакай дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ доир гардид.

Иштирокчиён ва ғолибонро туҳфаҳои арзанда интизор аст. Бурди асосӣ – 50000 сомонӣ.

Мақсад аз баргузории озмун эҳёи анъанаҳои мардумӣ, рушду равнақи либосҳои миллӣ, тарғиби ҳунармандӣ ва инкишофи маҳорати суханварии ҷавондухтарон мебошад.

Озмуни мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Ширкати ватании «Тоҷик Кристалл» дар ҳамбастагӣ бо Вазорати фарҳанги ҶТ, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бахшида ба «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» гузаронида мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.