Занозании муҳоҷирон бо тирандозӣ дар Новосибирск

Занозании дастаҷамъона, ки ба тирпарронӣ табдил ёфт, аввали ҳафта дар ҳудуди автобазаи кӯчаи Малигин дар бозори Хилокскийи Новосибирск рух додааст. Дар он 200 нафар иштирок кардаанд. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, зодагони Осиёи Марказӣ, ки дар бозор ба фурӯши сабзавоту мева машғуланд, зидди гурӯҳи шахсе бо номи Темурланг бархостаанд, ки аз онҳо пул талаб мекардааст. Тибқи баъзе маълумот, Темурланг зодаи […]

Занозании дастаҷамъона, ки ба тирпарронӣ табдил ёфт, аввали ҳафта дар ҳудуди автобазаи кӯчаи Малигин дар бозори Хилокскийи Новосибирск рух додааст. Дар он 200 нафар иштирок кардаанд.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса, зодагони Осиёи Марказӣ, ки дар бозор ба фурӯши сабзавоту мева машғуланд, зидди гурӯҳи шахсе бо номи Темурланг бархостаанд, ки аз онҳо пул талаб мекардааст. Тибқи баъзе маълумот, Темурланг зодаи Ӯзбекистон аст.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, ин гурӯҳ аллакай ду сол инҷониб ба тамаъҷӯиву ғоратгарӣ машғул будааст. Ҷабрдидагон чандин маротиба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаанд, лекин аз ин ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

Муноқишаи охир 4-уми октябр оғоз гардида, баъд аз се рӯз ба ҷанҷоли оммавӣ табдил ёфтааст. Рӯзи 7-уми октябр, тибқи маълумоти КП.ру, Темурланг бо 10 шахси мусаллаҳ ба бозор омадааст. Дар наворҳои сабти видео дар Интернет дида мешавад, ки ин шахсон ниқобпӯш буда, бо автомату таппончаҳо мусаллаҳанд.

Роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибирск Жаркинбой Тойтуков ба «Азаттык» гуфтааст, кормандони бозор бо сангу чӯбдастҳо зидди гурӯҳ бархостаанд.

– Рашид, зодаи Қирғизистон аз ин гурӯҳ, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказии машғули кор дар ин бозорро ғорат мекард. Онҳо – 12 нафари мусаллаҳ бо автоматҳо боз барои ғорати савдогарон бо се автомашина ба бозор омаданд. Наздики 100 нафар тамаъҷӯёнро пеш карда, автомашинаи онҳоро оташ заданд. Се-чор нафар аз тирҳои резинӣ ҷароҳат бардоштанд. Вазъи онҳо хуб буда, аллакай дар бозоранд. Чанде аз аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт шуданд, аммо саркардагони асосии онҳо дар озодиянд, – гуфтааст роҳбари диаспораи қирғизҳо дар Новосибирск.

Нашрияҳои Русия менависанд, дар муноқиша наздики 200 кас ширкат варзида, 50 нафарашон боздошт шудаанд. Бино ба маълумоти муассисаҳои тиббӣ, 5 нафар бо ҷароҳат аз тирҳои резинӣ барои кумаки тиббӣ муроҷиат карда, 3 касро пас аз ёрии аввалияи тиббӣ ҷавоб додаанд. Ду нафари аз сар ва чашмонашон захмишуда бистарӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.