Сохтмони ферма барои 3 ҳазор чорво дар Ёвон

Дар ноҳияи Ёвон сохтмони ферма барои 3 ҳазор сар чорвои калони шохдор оғоз гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ферма дар майдони 16 гектар бо дастгирии молии ҶСП “Мармарӣ” бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа 8,5 млн. долларро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, навбати аввали ферма барои 1 ҳазор сар чорво соли 2020 ба […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар ноҳияи Ёвон сохтмони ферма барои 3 ҳазор сар чорвои калони шохдор оғоз гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, ферма дар майдони 16 гектар бо дастгирии молии ҶСП “Мармарӣ” бунёд гардида, арзиши умумии лоиҳа 8,5 млн. долларро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, навбати аввали ферма барои 1 ҳазор сар чорво соли 2020 ба истифода дода мешавад.

“Фаъолияти ферма асосан ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ равона мешавад. Бо пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 600-700 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин мешаванд”, – хабар дод манбаъ.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз бо ҷараёни корҳои сохтмони ферма шинос шуда, дастур додааст, ки ба сифати кор таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, иншоот саривақт мавриди истифода қарор гирад.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки сохтмони ба ин монанд ферма ба рушди истеҳсолот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти гӯштӣ мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.