Тарзи нави қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ

Date:

Кормандони мақомоти милитсия дар шаҳри Душанбе тарзи нави қонуншиканиро вобаста ба вайронкунии талаботи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муайян сохтанд, ки ин кирдор бесобиқа аст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар асоси расми фиристодаи як сокини пойтахт тарзи нави қоидавайронкуниро дар намуди «ба таври чаппа гузоштани рақами қайди давлатӣ» ва ба ин тартиб идора кардани автомашинаи сабукрави тамғаи «Тайота кемрӣ», рақами қайди давлатиаш 0005FF01 ошкор карданд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои санҷишӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Фаромурз Халилӣ, соли таваллудаш 24.05.1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Толстой буда, соҳибмулки автомашинаи мазкур ба ҳисоб меравад. Зимни санҷиш ронанда ба амали содиркардаи зиддиқонуниаш иқрор шуда, иброз доштааст, ки дар оянда ин кирдорашро содир намекунад.

Вобаста ба ҳолати мазкур тибқи талаботи қонунгузорӣ нисбат ба Халилӣ Фаромурз парвандаи маъмурӣ баррасӣ шуда, сабукрави ӯ дар Боздоштгоҳи ҷаримавии ШБДА-и шаҳри Душанбе қарор дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...