Боздошти ду қолиндузд дар Душанбе

Кормандони милитсияи пойтахт ду ҷавонеро боздошт карданд, ки аз кӯчаҳои шаҳр қолинҳои сокинонро медуздиданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадӣ Одинаев, ки қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа сокини 18-солаи шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саидовро ҳамроҳ мегирад. “Боздоштшудагон шабона дар кӯчаҳои Душанбе қолинҳои шуставу […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Кормандони милитсияи пойтахт ду ҷавонеро боздошт карданд, ки аз кӯчаҳои шаҳр қолинҳои сокинонро медуздиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмадӣ Одинаев, ки қаблан низ бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ин дафъа сокини 18-солаи шаҳри Душанбе Ҷаҳонгир Саидовро ҳамроҳ мегирад.

“Боздоштшудагон шабона дар кӯчаҳои Душанбе қолинҳои шуставу барои хушкшавӣ гузоштаи сокинони шаҳрро медуздидаанд. Дар маҷмӯъ онҳо дар 20 ҳолати дуздӣ гумонбар дониста шуда, зиёни расида аз ин амалҳо беш аз 50 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Онҳо дар пайи муроҷиатҳои сокинони пойтахт боздошт шуданд”, – қайд мешавад дар маълумот.

https://www.youtube.com/watch?v=RZS1Tn56V_w

Гуфта мешавад, нисбат ба гумонбаршудагон мутобиқи моддаи 244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.